Атлант
АТЛÁНТ, 1) дар асотири Юнони Қадим паҳлавони азимҷусса, яке аз фарзандони Уран ва Гея. Атлант дар муборизаи қавиҷуссаҳо ба муқобили худоён ширкат карда, барои ин гуноҳаш аз тарафи Зевс ҷазо гирифт ва бо амри ӯ ба сари китфонаш гунбази фалакро бардошт. 2) Дар санъати меъморӣ муҷассамаи мардест, ки бокитфонаш сари забаррав, тоқи шифти бино, пешайвон ва ғайраро нигоҳ медорад. Атлант аз давраи атиқа (Маъбади Зевси Олимпӣ дар Агриҷенто, Итолиё, садаи V то милод) маъмул буда, дар меъмории асрҳои 17–19 инкишоф ёфтааст (Атланти бинои маъмурии шаҳри Тулон дар Фаронса, 1656–57, ҳайкалтарош П. Пюже; Атланти соботи Эрмитажи Санкт-Петербург, 1844–1849, ҳайкалтарош А. И. Теребенёв).[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.57