АТЛАНТЍДА (юн. Ἀτλαντὶς) — ҷазира (архипелаг ё қитъа)-и афсонавие, ки дар Уқёнуси Атлантик воқеъ буда, гӯё дар натиҷаи офати табиӣ (заминларза ва обхезӣ) бо аҳолиаш ғарқ шудааст. Ин қисса бори аввал дар рисолаҳои Афлотун («Тимоус» ва «Куртиёс») бо ишора ба ривоятҳои қадима оварда шуда, замони ҳалокатро 9000 сол пеш (яъне 9500 сол то милод) нишон додааст. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам собит нашудааст, ки Атлантида воқеан вуҷуд дошт ё на. Донишмандон дар хусуси мавқеи ҷойгиршавии Аталнтида ихтилофи зиёд доранд. Сабабҳои нопадид шудани ин ҷазира низ ба дурустӣ маълум нест.[1]

Афлотун ва Арасту. Қисмате аз мусаввараи Рафаел "Мактаби Афинагӣ", соли 1509
Афлотун ва Арасту. Қисмате аз мусаввараи Рафаел "Мактаби Афинагӣ", соли 1509
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.57 / М. Холов.