Атмосфераи ситораҳо
АТМОСФЀРАИ СИТОРАҲО — қабати берунии ситора, ки дар болои ҳаста (ядро)-и ситора, минтақаи тобишҳои он ва ҷараёнҳои ҳамрафти конвексия қарор дорад. Атмосфераи ситораҳо ба чанд соҳаи хурди гуногунхосият тақсим мешавад. Қисме аз асри санг, ки қобили мушоҳида ҳаст ва дар он нури рӯшноӣ тавлид мешавад, фотосфера (шедсиеҳр) ном гирифт. Фотосфера дар ҳамаи соҳаҳои намоёни тайфи бефосила мавҷҳои рӯшноӣ меафканад. Ҳарорати ин соҳа ба сӯи умқи ситора меафзояд ва барои ситораҳои мушобеҳи Офтоб то ба 4500–6500 К мерасад. Маҳз дар фотосфера «доғҳои ситорагӣ» – соҳаҳои сарди рахнашавии майдони магнитӣ падид меоянд. Фотосфераи ситораҳо ва Офтобро бо усулҳои спектрӣ (тайфӣ) ва фотометрӣ меомӯзанд. Болотар аз фотосфера соҳаи хромосфера ҷойгир аст, ки қабати тунуки онро (дар Офтоб қариб 10000 км аст) селҳои ришта-риштаи гази тафсон – спикулаҳо бурида мегузаранд. Ҳарорати хромосфера дар ибтидо муназзам тағйир ёфта, ба қадри аз сарҳадди фотосфера дур шудан баланд мешавад; сипас дар соҳаи гузариши начандон бузург ҷаҳишсон то ҳарорати қисми гармтарини атмосфера – то ҳарорати тоҷ меафзояд (ҳарорати тоҷи Офтоб то ба 2 000 000 К мерасад). Чунин ҳарорати баланд доштани тоҷ масъалаи ҳанӯз даркношудаи астрофизикаи муосир аст. Ин гуна соҳаҳои гузариш ва тоҷ на ҳама ситораҳоро хос аст. Эҳтимол дорад, ки баъзе ситораҳои бузург ва абарбузург тоҷ дошта бошанд. Атмосфераи Офтоб, ситораи ба Замин наздиктарин то дараҷае омӯхта шудааст. Дар вақти кусуфи пурраи Офтоб, ки фотосфераи онро дар чашми мушоҳид ноаён мегардонад, ҳалқаи тунуки хромосфера ва ҳолаи тоҷи Офтобро дидан мумкин аст. Ғайр аз ин асбобҳои махсуси тоҷнигорӣ – коронографҳо мавҷуданд, ки ба воситаи онҳо фотосфераи Офтобро ба таври сунъӣ пӯшонда, тоҷ ва ҳоларо муояна кардан осон мешавад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.69 / Н. Миниқулов.
- Хойл Ф. Галактики, ядра и квазары. Москва, 1968;
- Данлон С. Азбука звёздного неба. Москва, 1986;
- Зигель Ф. Ю. Сокровища звёздного неба. Москва, 1996.