Атмосфера (воҳиди ченак)


АТМОСФЀРА — воҳиди ғайрисистемавии фишор, ки тақрибан ба фишори атмосферӣ дар рӯии Замин (дар сатҳи Уқёнуси Ҷаҳонӣ) баробар аст. Атмосфера ду навъ аст:

  1. Атмосфераи физикавӣ (ишораташ атм, atm) – фишоре, ки бо сутунчаи симобии 760 мм (дар ҳарор. 0 °C, зичии симоб 13595,1 кг/м3, шитоби афтиши озод g = 9,80665 м/с2) мувозанат мешавад. 1 атм = 101325 Па = 1,01325 бар = 1,033 ат = 760,0 мм сутунчаи симобӣ (Hg) = 10,33 мм сутунчаи обӣ (H2O);
  2. Атмосфераии техникӣ (ишораташ ат, at, кгқ/см2) – фишоре, ки ба сатҳи ҳамвори уфуқии масо­ҳаташ 1 см2 бо таъсири бори муназзам тақсимшудаи 1 кгқ оварда мешавад. 1 атм = 1,0332 ат = 101325 Н/м2 ; 1 ат = 0,967841 атм = 980665 Н/м2. Корбурди Атмосфера ба сифати воҳиди фишор аз 1.1.1980 манъ шуда, дар Манзумаи байналмилалии воҳидҳо ба ҷойи он воҳиди Паскал (Па) қабул шудааст.[1]
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.63 / М. Холов.
  • Физический энциклопедический словарь. Т. 1. Москва, 1960;
  • Қодирӣ С. Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика. Душанбе, 1985.