Алоуддин Атомалик ибни Муҳаммади Ҷувайнӣ (1226[1], Озодвор[d], устони Хуросони Разавӣ5 март 1283, Аррон[d]) — адиб, нависанда ва таърихнигори форс-тоҷик аз хонадони Ҷувайниён, муаллифи «Таърихи ҷаҳонгушой» ва «Таслияту-л-ихвон».

Атомалики Ҷувайнӣ
форсӣ: عطاءالله بن مُحمَّد جوینی
Таърихи таваллуд: 1226[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 5 март 1283
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: муаррих, котиб, шоир, сиёсатмадор, котиб
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Алоуддин дар соли 623 ҳ. қ. дар шаҳри Озодвори вилояти Ҷувайни Хуросон ба дунё омадааст. Ӯ аз хонадони бузурги соҳибдевони Ҷувайнӣ аст. Ин хонивода, аз қадим дар рӯзгори Салҷуқиёну Хоразмшоҳиён дар дастгоҳи ҳукумат будаву маъмулан вазифаи соҳибдевониро уҳдадор будаанд ва дар замонии қадимтар, аҷдодашон мақоми ҳиҷобату вазорати хулафоии аббосиро бар уҳда доштаанд. Падару падарбузурги ӯ аз ҷумлаи соҳибдевононе буданд, ки дар садаҳои панҷум, шашуму ҳафтуми қамарӣ ҳамвора мутасаддии машоғили бузургу давлатӣ дар замони султон Ҷалолуаддин буданд. Алоуддин Атомалик аз ҷавонӣ вориди корҳои девонӣ шуду ба хидмати амири Арғун ҳукмрони Хуросон даромад ва ду бор ба ҳамроҳи вай ба пойтахти Муғулистон Қароқурум сафар кард. Дар ин сафарҳо бо аҳволи муғулон ошноӣ пайдо карду дар ҳамин мусофиратҳо шурӯъ ба навиштани китобе бо мавзӯъи футуҳоти муғулон кард, ки ба Таърихи ҷаҳонгушой шуҳрат дорад. Дар соли 654 ҳ. қ. ки Ҳулокухони муғул ба Хуросон омад Атомалик ба вай пайвасту дар ҷангҳои вай бо Исмоилиёни Аламут ва халифаи аббосӣ дар Бағдод ҳамроҳ ӯ буд. Ӯ бо ҷалби ризояти Ҳулоку тавонист қисмате аз китобхонаи Аламутро аз нобудӣ наҷот диҳад. Ӯ ҳамчунин дар суқути Бағдод (1258) тавассути Ҳулоку уро ҳамроҳӣ мекарду дар соли баъд ба унвони фармондори Бағдод, ҷануби Байнаннаҳрайну Хузистони мансуб шуд.

Даргузашт

вироиш

Пас аз марги Ҳулокухону ба сиъоят Маҷдулмулки Яздӣ муддате гирифтор гардид. Чун озод гашт дар шаби шанбеи 4 зулҳиҷаи 681 қамарӣ дар Аррон даргузашт. Пайкари ӯро ба Табрез бурдаву дар мақбараи Чарандоб ба хок супурданд.

 
Муҳосираи Аламут. Миниатюра аз дастнависи Тарихи ҷаҳонгушой, садаи XV