Атомҳои ҳидрогенмонанд
ÁТОМҲОИ ҲИДРОГЕНМОНÁНД — атомҳое, ки монанди атоми ҳидроген аз ҳаста ва як электрон иборатанд. Атомҳои ҳидрогенмонанд атомҳои ионшудаанд, ки ҳама электронҳои худро ҷуз яке гум кардаанд, чун He+, Li2+, B3+ ва ғайра (ниг. Ион). Атомҳои ҳидрогенмонанд хосиятҳои оптикии ба ҳидроген монанд доранд. Дар физикаи нимноқилҳо атомҳои ҳидрогенмонандро «атомҳои ғашдор» меноманд, ки валенс (валентнокӣ)-и онҳо нисбат ба дигар атомҳо 1-то зиёд ё кам аст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.77