Атонин
Атонин — маҷмӯъ ё меъёри зарбҳо (нақраҳо) дар мусиқии классикии форс-тоҷик. Донишмандони мусиқӣ дар гузашта Атонинро бештар бо иқоот (ниг. Иқоъ) мувозана кардаанд. Дар арӯз ба ҳайси меъёри вазн истилоҳи афоил истифода мешавад, аммо дар мусиқӣ меъёри вазни зарбҳоро Атонин мегӯянд. Масалан, дар арӯз: фаъ, фаал, фаала, фаилун; дар мусиқӣ: тан, танан, танана, тананан. Дар мусиқӣ иқоъ маҷмӯи зарбҳоро ба таври ҷузъӣ (сабаб, ватад, фосила) нишон медиҳад, аммо атонин ин маҷмӯъро ба таври умумӣ (меъёри доиравӣ) ифода мекунад. Масалан вазни «Уфар» 5 зарб дорад – ду зарби (вазнин) ва се зарби сабук. Атонинаш чунин аст: тани тан тани тано. Ё вазни «Авсат» 7 зарб дорад – 5 зарби сангин ва 2 зарби сабук. Атонинаш ин аст: тан тано дар тан тан. Атонин ҳамвазни афоили арӯз аст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.77/А. Зубайдов
- فرصتئشیرازی،بحورالالحان،تهران،۱۳۴۵؛
- عبدالمؤمنصفیالدین،بهجةالروح،تهران،۱۳۴۶