Атоуллоҳхоҷаи Чапнавис
Атоуллоҳхоҷаи Чапнавис (форсӣ: عطاءالله خواجه چپنويس; қарни XIX) — хаттоти форс-тоҷик ва устоди хатти настаълиқ.
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Бухоро. Азбаски хатро бо дасти чап менавишт, бо номи Чапнавис машҳур гашт. Атоуллохоҷаи Чапнавис марди фозилу донишманди замонаш буда, фанҳои дақиқ ва ҳунарҳои нафисро хуб медонист. Дар навиштани хатти настаълиқ устод буд ва услуби хос дошт. Дар мадрасаҳои Абдулазизхон ва Чорманори Бухоро аз таълиму машқи хат ва фанҳои алҷабру ҳандаса дарс гуфтааст. Асарҳои бисёреро китобат кардааст. Достони «Юсуфу Зулайхо»-и Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, ки бо хатти настаълиқи майда хеле зебо китобат шудааст, аз ҷумлаи онҳост.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- тоуллоҳхоҷаи Чапнавис / С. Султонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.