АТРАЗЍН, C8H14ClH5, як навъ ҳербисид. Массаи мол. 215, 7. Моддаи сафеди кристаллӣ, гудозишаш 173–176°С. Қобилияти ҳалшавиаш дар об 33 мг/л; дар ҳалкунанда­ҳои органикӣ бад ҳал мешавад. Атразинро дар шакли хокаи намкаши 50-фоиза ё хамира, ки 30–40 фоиз моддаи таъ­сир­бахш, равғани минералӣ ва моддаҳои дуюминдараҷа дорад, истеҳсол мекунанд. Атразин ба рустанӣ ба воситаи реша ва барг дохил мешавад. Истифодаи он бар зидди бисёр алафҳои бегона натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Ба боғоти ни­ҳолҳояш 4-сола маҳлули обии Атразинро мепошанд (нав­ба­ҳорон то неш зада баромадани алафҳои бегона ё тира­моҳ баъди ғунучини ҳосил). Барои одам ва ҳайвони хунгарм чандон зарар надорад.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.78