Атрак
Атрак — яке аз дарозтарин дарёҳои Эрон дар шимолу шарқии кишвар. Тӯлаш 699 км.Атрак аз куҳҳои Ҳазормасҷид дар маҳалле ба номи Лоларӯён воқеъ дар 40-километрии шимолу шарқии Қучон сарчашма мегирад. Аз ҷиҳати табиӣ – ҳудудӣ – маъмурӣ аз 3 бахш иборат аст: Атраки дохилӣ ё бахше, ки дар дохили марзу буми Эрон аст; Атраки хориҷӣ, бахше, ки аз сарзамини Туркманистон убур мекунад ва Атраки муштарак, ки марзи байни Эрон ва Туркманистон аст. Мутобиқи муоҳидаи соли 1299 оби Атрак мебоист дар қисмати марказӣ баробар байни ду кишвар тақсим мегардид, аммо дар ибтидои асри 20 дар маҳалле ба номи Годарӣ садде тавассути Россия сохта шуд, ки боиси тағйири ҷараёни оби дарё ба самти Шимол гардид ва дар натиҷа ба хушкшавии қисматҳои марзӣ боис шуд. Соли 1957 тавофуқномаи дигаре ҷиҳати баҳрабардории муштарак ақд гардид. Низоми обдиҳии Атрак мисли ҳамаи дарёҳои сарзаминҳои хушк ва нимахушк номураттаб ва фаслӣ мебошад. Оби Атрак гилолуд ва талху шӯр аст.[1]
Мушаххасот | |
---|---|
Тӯл | 699 км |
• Координатаҳо | |
Мавқеъ | |
Кишвар | Эрон |
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.78—79