Атрибут (аз лот. attribuo – додан, бахшидан, нишони асосӣ, ато кардан) — махсусияти зарурии воқеӣ, хусусияти объект – чизе, ки новобаста ба шуури мо вуҷуд дорад. Чунончи дар фалсафа Атрибут модда (материя) ҳаракат аст. Истилоҳи Атрибутро Арасту дар асараш «Метафизика» васеъ мавриди истифода қарор додаст. Дар санъати тасвирӣ Атрибут аломати воқеии қаҳрамон, ил­соқ (пайваст кардан) ва дигарон шаклҳои рамзӣ аст. Масалан, дар санъати атиқа Атрибути Ҳеракл – шашпар, Атрибути модархудои адолати судӣ – тарозу дар даст бо чашмони баста. Дар грамматика Атрибут ҳамон муайянкунанда дар ҷумла аст.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.79