Аттестатсия

саҳифаи маъноҳои Викимедиа

Аттестатсия (лот. attestatio — шаҳодат, тасдиқ) — тартиби муқаррар кардани мувофиқати мазмун, сатҳ ва сифати омодагии хатмкардагони муассисаи олии таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таълимии Таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи соҳаҳои таълим (ихтисос)[1]

Дар фаъолият

вироиш

Аттестатсия аз тарафи комиссияи махсус муайян кардани тахассуси кории коргар, тавсифи сифатҳои хосси ӯ, баҳодиҳии натиҷа ҳои фаъолияти хидматӣ (истеҳсолӣ, таълимӣ). Аттестатсия дар муассиса, корхона, ташкилот ва ғ. барои муносиб кардани ҳайати кадрии корхона, баланд бардоштани самараи кор, додани дараҷа, унвон ва рутбаи муайян анҷом дода мешавад. Аз рӯйи қоида Аттестатсия даврӣ мегузарад. Муҳлат, тарз ва шартҳои анҷом додани Аттестатсия, инчунин категорияҳои кормандоне, ки Аттестатсия карда мешаванд, аз рӯйи санадҳои меъёрию ҳуқуқии идораҳои соҳавӣ муқаррар мегарданд.

Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 ба ҷойи имтиҳоноти аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм Аттестатсия ҷорӣ шуд. Аттестатсия дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои муайян намудани мутобиқати мазмун, дараҷа ва сифати тайёрии шогирдон ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ба роҳ монда мешавад.

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» Боби якум. Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ.

Адабиёт

вироиш