Дархудмондагӣ

(Тағйири масир аз Аутизм)

Дархудмондагӣ, аути́зм — эҳсоси дархудмондагӣ ё худбегонагӣ, сахттарин ҳолати равонӣ дар шахс, бахусус наврасон, ки муҳити атрофро бо худ бегона ҳис мекунанд ва майли шадиде ба дарунгароӣ доранд. Истилоҳи «Аутизм»-ро соли 1912 олими суэдӣ Э. Блейлер барои ифода намудани намуди махсуси тафаккур дохил кард, ки онро талаботи ҳиссии инсон ба танзим медароранд ва ба воқеияти зиндагӣ вобаста нест. Дархудмондагӣ ихтилоли инкишофи равонӣ буда, дар шаклҳои гуногун зуҳур меёбад. Дар дараҷаи сабук вай метавонад ҳангоми хусусиятҳои мизоҷӣ (сириштӣ)-и равон (аксентуатсияи характер, девонавзоӣ), инчунин дар шароитҳои садамаҳои музмини рӯҳӣ вохӯрад. Кӯдакони гирифтори дархудмондагӣ дар муносибат ба дигарон ва мутобиқати иҷтимоъӣ душворӣ мекашанд, муҳтоҷи дастгирии махсус мебошанд. Чунин кӯдакон ба назари дигарон эрка, зудранҷ, бетарбият ва нозуктабъ менамоянд. Аз ин рӯ онҳо беасос танбеҳ мегиранд, гап мешунаванд ва дар натиҷа маҷбур мешаванд муқобили ҷамъият амал намоянд, ба касе наздикӣ ва дӯстӣ накунанд. Ба ақидаи бисёр олимони соҳа дархудмондагии кӯдакон дар натиҷаи иллати силсилаи асабҳои марказӣ рух медиҳад.

Дархудмондагӣ
Чидани қутиҳои ҳам‌шакл бар руи ҳам ва такрори мудоми ин кор аз рафтори гоҳ‌ ба‌ гоҳи шахси мубтало ба дархудмондагӣ..
Чидани қутиҳои ҳам‌шакл бар руи ҳам ва такрори мудоми ин кор аз рафтори гоҳ‌ ба‌ гоҳи шахси мубтало ба дархудмондагӣ..
МКБ-10 F84.084.0
МКБ-9 299.00
OMIM 209850
DiseasesDB 1142
MedlinePlus 001526
eMedicine med/3202  Шаблон:EMedicine2
MeSH D001321

Аз нигоҳи пизишкии болинӣ (клиникӣ) чунин кӯдаконро ба 4 гурӯҳи рафтору кирдорашон мутлақан гуногун ҷудо кардан мумкин аст:

  • кӯдаконе, ки нисбат ба ҳама чиз бетаваҷҷуҳанд;
  • кӯдаконе, ки намехоҳанд олами атрофро дарк кунанд;
  • кӯдаконе, ки ғарқи дунёи хешанд;
  • кӯдаконе, ки ба дили онҳо роҳ ёфтан осон нест.

Кӯдакони мутаъаллиқ ба гурӯҳи аввал аз хурдӣ диққати дигаронро бо нигоҳи «маънидор» ва «зиракона»-и худ ҷалб мекунанд. Онҳо оромтабиъату қобиланд. Чунин кӯдаконро соъатҳо дар гаҳвора танҳо гузоштан мумкин аст. Вале дар баробари ин онҳо одати тарсуӣ доранд, аз садоҳои гуногун, масалан, овози ҷорӯббарқӣ, риштарош, шақшақа ва дигарон бозичаҳо метарсанд. Кӯдакони мансуб ба гурӯҳи дуюм нисбатан фаъъол буда, истеъмоли ғизоҳои дилкашро меписанданд, аз гум кардани чизи хубе дар ғазаб мешаванд. Одати тарсуӣ дошта, аз овози баланд, оббозӣ, гирифтани мӯйи сар ва нохунҳо метарсанд. Нутқи ин гуна кӯдакон ташаккул наёфтааст. Кӯдакони гурӯҳи сеюм серҳаракат ва беқарор мебошанд. Волидайн, одатан, онҳоро бемеҳр ва сардрафтор мешуморанд; ӯ метавонад дар оғӯши модар истода ба рӯйи вай шаппотӣ занад. Мавзӯъи суҳбати чунин кӯдакон бештар воқеъаҳои нохуш, ҷангҳо, кушторҳо мебошад. Онҳо ҳисоб, шатранҷ ва машғулиятҳои нуҷумиро дӯст медоранд. Ба гурӯҳи чаҳорум кӯдаконе мансуб дониста мешаванд, ки гирифтори шаклҳои нисбатан сабуки дархудмондагӣ мебошанд. Онҳо аз одамони бегона метарсанд, одатан беқарор, тарсу, зудранҷ, ноуҳдабаро, меҳрубон мешаванд. Суханронии онҳо суст ва охири калима нимғурма аст. Дархудмондагӣ метавонад боъиси рушди нодуруст (синдроми Каннер) гардад. Шаклҳои вазнини дархудмондагӣ ҳангоми як қатор бемориҳои равонӣ мушоҳида мешавад; бахусус барои маҷзубият (шизофрения) хос аст. Дар хонавода ба кӯда­кони гирифтори дархудмондагӣ бояд муносибати дуруст карда шавад. Барои чунин кӯ­дакон тарбияи дармонӣ хос аст. Дармони онҳо бояд дар ҳамбастагӣ бо равонпизишкон, пизишкони асаб, равоншиносон ва омӯзгорҳо сурат гирад.

Адабиёт

вироиш
  • Сидоров П. И., Парняков А. В. Клиническая психология. Москва, 2002;
  • Островская И. В. Психология. Москва, 2005; Новая российская энсиклопедия. Т. II. Москва, 2005.

Сарчашма

вироиш