Афази́я (аз юн.-қад. ἀ- — ҳиссачаи инкорӣ ва φάσις — гуфтан, гап задан), лолӣ — вайрон шудани қобилияти гапзанӣ ва талаффуз.

Афазия
ИхтисосАсабшиносӣ, neuropsychology, Логопедия Edit this on Wikidata
Афазия
МКБ-10 F80.080.0-F80.280.2, R47.047.0
МКБ-9 315.31315.31, 784.3784.3, 438.11438.11
DiseasesDB 4024
MedlinePlus 003204
eMedicine neuro/437 
MeSH D001037

Дар натиҷаи афазия қобилияти фикрро бо сухан фаҳмондан, онро фаҳмидан ва бо ашё ё ҳодисаҳои маълум алоқаманд намуда донистан халал меёбад. Афазия дар беморони бо дасти рост коркунанда аз осеби қисми муайяни қишри нимкураи чапи мағзи сар ва дар беморони бо дасти чап коркунанда аз осеби қисми муайяни қишри нимкураи рости мағзи сар рӯй медиҳад.

Навъҳои асосии афазия инҳоанд: афазияи ҳаракатӣ (таҳрикӣ) — маънои суханро фаҳмидан, вале гап зада натавонистани бемор; афазияи сенсорӣ (эҳсосӣ) — нофаҳмида сафсата гуфтан, сухани дигаронро нафаҳмидан ва фаромӯш кардани ашё; боиси тадриҷан нест шудани нутқ мегардад. Афазия бештар дар натиҷаи сактаи мағзи сар, сарсом, энсефалит, думбал ва ғайра сар мезанад. Афазия ба рушди умумии кӯдак низ халал ворид месозад. Бо мақсади муолиҷаи афазия рафъи бемории асосӣ ва таълими логопедӣ зарур аст.

Сарчашма

вироиш
  • Цветкова Л. С., Глозман М. Афазия и восстановительное обучение. Москва, 1985.