Афанасев Владимир Алексеевич
Афанасев Владимир Алексеевич — меъмор-рассом, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1964).
Афанасев Владимир Алексеевич | |
Таърихи таваллуд | 1913 |
Зодгоҳ: | Санкт-Петербург |
Таърихи даргузашт | 1998 |
Маҳалли даргузашт | Санкт-Петербург |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории ба номи И. Е. Репини Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург). Соли 1955 ба Душанбе омада, то соли 1966 кор кард. Соли 1965 узви садорати ИМ Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳамчун лоиҳакаш ва сардори корхонаи меъмории № 1 Институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикгипрострой» дар шаҳрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе бисёр лоиҳаҳои аҷибу навоварона таҳия намуд. Аз он ҷумла: аэровокзал, бинои истиқоматии 61-ҳуҷрадор дар хамгашти кӯчаи И. Сомонӣ ва Рӯдакӣ, меҳмонхонаи берунишаҳрӣ (корпуси меҳмонхона дар қароргоҳи Ҳукумати ҶТ), бинои истиқоматии 73-ҳуҷрадор бо мағозаи фурӯши ҷавоҳирот дар ошёнаи якум дар кӯчаи Рӯдакӣ ва ғайра.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.88 / Р. Муқимов.