Афзалуддини Кошонӣ

Афзалуддини Кошонӣ (форсӣ: أفضل الدین کاشانی‎), маъруф ба Бобо Афзал (Кошон, Устони Исфаҳон1214) — файласуф, ориф, нависанда ва шоири форс-тоҷик.

Афзалуддини Кошонӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1214
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, донишманд
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома вироиш

Дар таърихи адабиёт чун шоири рубоисаро маъруф аст, вале ғазал низ гуфтааст. Мавзӯи рубоиёту ғазалҳояш мазаммати беадолатиҳои замон, рӯҳониёни риёкор, зулму золимӣ мебошад. Баъзе рубоиҳояш тасаввуфианд. Гоҳе озодандешона, бо шубҳаву гумон сухан кардааст:

Ҳам сирри ҳақиқатию ҳам кони сахо,
Дорам сухане ба ту, ҷавобаш фармо:
Гӯянд: «Худо буду дигар ҳеч набуд»
Чун ҳеч набуд, дар куҷо буд Худо?

Осор вироиш

Асарҳои муҳимми фалсафии Афзалуддини Кошонӣ «Минҳоҷу-л-мубайин», «Мадориҷу-л-камол», «Роҳи анҷоми нома», «Арзнома» ва «Ҷовидоннома» мебошанд, ки дар маҷмӯъ «Мусаннафоти Афзалуддини Кошонӣ» (Т., 1953) ба табъ расидаанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Таърихи адабиёт дар Эрон. Забебуллоҳ Сафо.-ҷ.3/2,Теҳрон, 1371.- с.1182-1187