Афзалшоҳ Шодиев

(Тағйири масир аз Афзалшо Шодиев)

Афзалшоҳ Шодиев — (2 июни соли 1962, Панҷрӯд, Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон) яке аз овозхонҳои Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, собиқ роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев

Афзалшоҳ Шодиев
Афзалшоҳ Шодиев
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 2 июн 1962(1962-06-02) (62 сол)
Зодгоҳ Панҷрӯд, Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Аз эҷодиёт

вироиш

Дили модар

вироиш
Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд
Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд.
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд.
Агарчи мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман,
Агарчи борҳо бегонаи дилсанг дидам ман,
Ба уммеде, ки бинам чоҳканҳоро ба зери чоҳ,
Намурдам, гарчи бо чашмам аҷал ҳар ранг дидам ман
Намурдам, зистам, фарзанди хурдамро калон кардам,
Шаби тӯи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам.
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро
Ба келин пешкаш кардам,
Дуо чун модарон кардам.
Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,
Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,
Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз,
Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!

Пайвандҳо

вироиш