Афзори андозакунандаи оптикӣ
Афзори андозакунандаи оптикӣ — дар мошинсозӣ, воситаи андозакунӣ, ки дар он визиронӣ (якҷокунии ҳудудҳои ашёи андозашаванда бо хатти визир) ё муайян кардани андоза бо ёрии олати тарзи кораш нурӣ иҷро мешавад. Се навъи Афзори ченкунии оптикӣ мавҷуданд: асбобҳое, ки дар онҳо намоёбӣ бо усули нурӣ, вале ҳисоби ҷойивазкунии хатти намоёб бо усули механикӣ (ё усули дигар ғайриоптикӣ) сурат мегирад; асбобҳое, ки дар онҳо ҳам намоёбӣ ва ҳам ҳисоби ҷойивазкунии хатти намоёб бо усули нурӣ иҷро мешавад; асбобҳое, ки бо объекти андозашаванда бевосита наздик мешаванд, аммо ҷойивазкунии нуқтаҳои расишро бо усули оптикӣ муайян мекунанд. Намунаи афзорҳои гуруҳи якум проектор аст, ки барои андозагирию назорати ҷузъҳои мураккабтарҳу хурдандоза (масалан, қолабҳо, ҷузъҳои механизми соат ва ғайра) истифода мешавад. Дар мошинсозӣ бештар проекторҳои пурбиниашон 10, 20, 50, 100 ва 200-карата татбиқ мешаванд, ки қутр ё яке аз тарафҳои экранашон аз 350 то 800 мм аст. Намунаи маъмули афзорҳои гуруҳи дуюм микроскопи андозакунандаи универсалӣ (МЧУ) мебошад, ки дар он ҷузъи андозашаванда дар наварди тӯлӣ ҷой иваз мекунаду микроскопи асосӣ дар наварди арзӣ. Ҳудудҳои сатҳи санҷидашаванда бо ёрии микроскопи асосӣ намоёбӣ мешавад. Бузургии ҷойивазкунии ҷузъро аз рӯйи ҷадвали қиёсӣ, маъмулан, бо ёрии микроскопҳои ҳисоб муайян мекунанд. Ҳоло дар навъҳои МЧУ олати проексияву ҳисобкунанда истифода мешавад. Компаратори интерференсионӣ низ ба афзорҳои гурӯҳи дуюм мансуб аст. Афзорҳои гуруҳи сеюмро барои бо ҷадвал ё ҷадвали қиёсӣ муқоиса намудани бузургиҳои андозашавандаи хаттӣ истифода мебаранд. Афзорҳои мансуби ин гуруҳро компараторҳо меноманд. Оптиметр, оптикатор, интерферометри тамосӣ, дарозисанҷи оптикӣ низ мансуби ин гуруҳанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Афзори андозакунандаи оптикӣ / М. Холов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Иванов А. Г., Измерительные приборы в машиностроении. М., 1981;
- Аннеиков А. Ю., Петров М. Ю. Оптоэлектронные приборы фирмы Kindbridht. М., 1999;
- Котюк А. Р. Датчики в современных измерениях. М., 2006;
- Розеншер Э., Винтер Б. Оптоэлектроника. М., 2004.