Афзори барқӣ — асбобҳо барои коркарди механикӣ ва ҳароратии масолеҳ, ки аз муҳаррики барқӣ ба кор дароварда мешавад. Манбаи ҷараён барои афзори барқӣ шабакаи барқии шиддаташ 220 В, баъзан 380 В ё аккумулятори барқӣ буда метавонад. Афзори барқӣ собит ё сайёр мешавад. Онро дар саноат ва рӯзгор истифода мебаранд. Афзори барқӣ барои буридан, пармаву ранг кардан, сайқал додан, часпондан, тарошидани локу ранги маснуот, насб кардану кӯчондани маводди насбшуда ба кор бурда мешавад. Афзори барқӣ аз тана, муҳаррик ва қисми корӣ иборат мебошад. Навъҳои афзори барқӣ: пармаи барқӣ, чархарра, симарра, рандаи барқӣ ва ғайра.

Адабиёт вироиш