Афидофагҳо (аз лотинӣ aphis – ширинча ва юнонӣ phagos – мехӯрам), як навъи ҳашарот. Ғизои Афидофагҳо ширинчаҳо мебошанд. Асосан дар ноҳияҳои пахтакор дучор меоянд. Барои маҳв кардани ширинчаҳои пахтазор какана, тилочашмак, сирфидҳо, трипсу кайкҳои даранда ва ғайра аҳаммият доранд. Дар кам кардани миқдори зараррасонҳои табиат хусусан аҳаммияти какана ва тилочашмак назаррас аст. Онҳо дар баробари ширинча тортанаккана, тухм ва кирминаи пулакчаболҳои ноболиғ, инчунин кирминаи фитономусро низ нест менамоянд. Дар организми ширинчаи рустаниҳое, ки бо мақсади киштгардони пахта кошта шудаанд, бисёр навъҳои афидофагҳо (аз оилаи Aphidiidae, Aphelinidae, Miscogasteridae, Cynipidae ва ғайра) сукунат ихтиёр мекунанд. Ин навъ афидофагҳо эндопаразит (паразитҳои махсуси дохилӣ) буда, дар бадани ширинча тухм мегу­зоранд. Аз тухм афидофагҳо ба вуҷуд меоянд ва дар натиҷаи инкишоф ёфтани онҳо ширинча нобуд мешавад. Барои нобуд кардани зараррасонҳои зироат хусусан афидиидҳо аҳаммияти фаровон доранд.

Адабиёт

вироиш
  • Исанчев В. В. Защита растений от вредителей. М., 2002.