Афканишот — раванди афканиш ва паҳншавии энер­гия ба шакли мавҷ ва зарра. Аксар мавридҳо таҳти ин ис­тилоҳ Афканишоти электромагнитӣ фаҳмида мешавад, ки дар нав­бати худ вобаста ба манбаъ ба Афканишотҳои гуногун тақсим мешавад. Физикаи классикӣ афканишотро чун афканиши мавҷ­ҳои электромагнитӣ аз ҷониби барқа (зарядҳо)-и электрикии ши­тобёфта муоина мекунад. Назарияи классикӣ бисёр ҷи­ҳатҳои равандҳои афканишотро маънидод карда тавонист, лекин баъзеи онҳо, хусусан афканишоти ҳароратии ҷисмҳо ва афканишоти атому молекулаҳоро тавсиф дода натавонист. Чунин тавсифот танҳо дар назарияи квантии афканишот имконпазир гашт, ки мувофиқи он афканишот ин тавлиди фотон ҳангоми тағйир ёфта­ни ҳолати системаҳои квантӣ (масалан, атомҳо) мебошад. Назарияи квантӣ афканишотро амиқ омӯхта, ҳудудҳои истифодаи афканишоти классикиро муайян кард.

Ин тасвир тавонойии се гунаи мухталифи афканишотро нишон медиҳад: алфа-зарраҳао (α) бо бархӯрд ба баргаи коғаз, бета-зарраҳо (β) ба варақаи алюминиум, мутаваққиф мешаванд, вале қисмате аз гамма-зарраҳо (γ) метавонанд аз варақаи сурбӣ бигузаранд.

Афканишоти электромагнитӣ

вироиш

Афканишоти электромагнитӣ (мавҷҳои электромагнитӣ, нур) ға­лаёни майдони электромагнитии (таъсири мутақо­били майдонҳои электрикӣ ва магнитӣ) дар фазо паҳнша­ванда мебошад. Афканишоти электромагнитӣ дар фазои бемодда (вакуум) ва дар баъзе мавридҳо дар фазои моддадор паҳн мешавад. Нишондиҳандаҳои асосии афканишоти электромагнитӣ басомад, дарозии мавҷ ва қутбиш мебошанд.

Аз рӯйи басомад афканишоти электромагнитиро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

 
Афканишоти электромагнитӣ

афканишоти намоён (рӯшноӣ), афканишоти маҷ­бурӣ (илқоӣ), гамма-афканишот, афканишоти инфрасурх, афканишоти ионзо, афканишоти микромавҷӣ (баландбасомад), афканишоти моно­хро­матикӣ, афканишоти гузаришӣ, радиоафканишот (радио­мавҷ­ҳо), афканишоти рентгенӣ, афканишоти син­хро­тронӣ, афканишоти худ ба худ рӯй­диҳанда, афканишоти ҳароратӣ, афканишоти тераҳерсӣ, афканишоти боздоштӣ (тор­мозӣ), афканишоти ултрабунафш, афканишоти сиклотронӣ (магнитотро­нӣ), афканишоти Вавилову Черенков ва афканишоти реликтӣ (афканишот фонии мик­ромавҷии кайҳонӣ).

Афканишоти намоён

вироиш

Афканишоти намоён (рӯшноӣ) мавҷҳои электромагнитие ме­бо­шанд, ки чашми инсон мебинад ва онҳо дар фосилаи спектрҳои дарозии мавҷашон аз 380 нм (бунафш) то 780 нм (сурх) ҷойгиранд. Ҳангоми аз маншур (призма) гузаш­тани рӯшноӣ спектр пайдо мешавад, ки дар он афканишоти мавҷ­ҳои дарозиашон гуногун таҳти кунҷҳои гуногун мешикананд. Дар натиҷа ҳафт ранги тирукамон: сурх, но­ринҷӣ, зард, сабз, нилобӣ, кабуд ва бунафш ҳосил мешаванд.

Афканишоти маҷбурӣ

вироиш

Афканишоти маҷбурӣ ё илқоӣ тавлиди фотони нав ҳанго­ми гузариши системаи квантӣ (атом, молекула, ядро ва ғайра) аз ҳолати ангехта ба ҳолати устувор (савияи энергетикии хурд) таҳти таъсири фотони илқоиест, ки энергияаш ба фарқи энергияҳои савияҳо баробар аст. Усули кори тақ­виятдиҳандаҳои квантӣ – лазеру мазерҳо ба афканишоти маҷбурӣ асос ёфтааст.

Гамма-афканишот

вироиш
Мақолаи асосӣ: Партави гамма

Гамма-афканишот (гамма-нурҳо, γ-нурҳо) – афканишоти электромагнитии дарозии мавҷаш ниҳоят хурд (<5×10−3­нм), ки хосиятҳои корпускулярии он бештар ва хосият­ҳои мавҷиаш камтар зоҳир мешаванд. Ин навъи афканишотро Пол Виллард соли 1900 дар вақти таҳқиқи афканишоти радий кашф кард. Гамма-квантҳо фотонҳои баландэнергия мебошанд (>105эВ). Гамма-афканишот ҳангоми гузаришҳо байни ҳо­латҳои ангехтаи ҳастаи атомҳо (нигаред ба нақша), реаксияҳои ҳастаӣ, инчунин ҳангоми тамоюли зарраҳои барқанок дар майдон­ҳои магнитӣ ва электрикӣ ба вуҷуд меояд.

Афканишоти инфрасурх

вироиш

Афканишоти инфрасурх – афканишоти электромагнитие, ки ҳудуди спектрии байни интиҳои ранги сурхи рӯшноӣ (λ= 0,74 мкм) ва афканишоти микромавҷӣ (λ ~ 1–2 мм)-ро ишғол мекунад ва онро атом ё ионҳои ангехта меафкананд. Афканишоти инфрасурхро соли 1800 ахтаршиноси англис Вилям Ҳершел кашф кард. Афканишоти инфрасурхро афканишоти ҳароратӣ низ меноманд, чунки афканишоти инфрасурхи ашёи тафсидаро пӯсти инсон ҳамчун гармӣ эҳсос мекунад. Афканишоти инфрасурхро дар тиб низ истифода мебаранд. Онҳо ба организми одам таъ­сири мусбат расонда, ҳаракати хунро беҳтар мекунанд, мубодилаи моддаҳоро тақвият дода, рагҳои хунгардро васеъ менамоянд. Диоду фотодиодҳои инфрасурх дар во­ситаҳои идоракунии фосилавӣ, силсилаҳои худкор (сис­темаҳои автоматика) ва посбонӣ истифода мешаванд. Афканишоти инфрасурхро дар саноат барои хушкондани сатҳҳои рангкардашуда, пешгирии зангзанӣ, гарм кардани бино­ҳо ва ғайра ба кор мебаранд. Дар саноати хӯрокворӣ афканишоти инфрасурхро барои безарар гардондани маводди ғизоӣ ва хушкондани ғалладона истифода мекунанд.

Афканишоти ионзо

вироиш
 
Спектр (тайф)-и электромагнитӣ

Навъҳои гуногуни микрозарраҳо ва май­донҳои физикие, ки моддаро иондор мекунанд. Навъ­ҳои асосии афканишоти ионзо афканишоти электромагнитии кӯтоҳ­мавҷ (афканишоти рентгенӣ ва гамма-афканиш) ва сели зар­раҳои заряднок: бета-зарраҳо (электронҳо, позитронҳо), алфа-зар­раҳо (ҳастаи атоми 42Не), протонҳо, дигар ионҳо, мюон­ҳо ва нейронҳо мебошанд. Дар табиат афканишоти ионзо дар на­тиҷаи коҳиши радиоактивии худ ба худи радонук­лидҳо, равандҳои ҳастаӣ (синтез ва порашавии ил­қоии ҳастаҳо, рабоиши нейтронҳо, алфа-зарраҳо ва ғайра), инчунин шитоб­ёбии зарраҳои барқанок дар кайҳон ба амал меояд. Ман­баъ­ҳои сунъии афканишотии ионзо радионуклидҳои сунъӣ, реактор­ҳои ҳастаӣ, манбаъҳои радионуклидии нейтронӣ, суръат­физоҳои зарраҳои бунёдӣ, дастгоҳҳои рентгенӣ ва ғайра ме­­бо­шанд. Афканишотии ионзо дар саноати вазнин (интроскопия), хӯрокворӣ (безараргардонии асбобҳои тиббӣ, мавод ва хӯрокворӣ) ва тиб (ташхис ва табобати омос) истифода мешавад.

Афканишоти микромавҷӣ

вироиш

Афканишоти микромавҷӣ (баландбасомад) – афканишоти электро­магнитие, ки соҳаи радиомавҷҳои сантиметрӣ ва миллиметриро дар бар мегирад (дарозии мавҷҳо аз 30 см то 1 мм, басомад аз 1 ГҲс то 300 ГҲс). Афканишоти микромавҷӣ барои бетамос гарм кардани ҷисмҳо (дар тафдонҳои микро­мавҷии маишӣ ва саноатӣ), радиолокатсия ва воси­таҳои алоқа (ратсияҳо, телефонҳои шонӣ, таҷҳизоти Bluetooth WiFi ва WiMax) истифода бурда мешаванд.

Афканишоти монохроматикӣ

вироиш

Афканишоти монохроматикӣ (юнонӣ монос – воҳид, танҳо, хрома – ранг; якранг) – афканишоти электромагнитие, ки басомади лапишашон яксон аст. Он дар системаҳое, ки дар он­ҳо танҳо як гузариши электронии тафриқпазир аз ҳо­лати ангехта ба асосӣ мавҷуд аст, ташаккул меёбад. Дар амалия якчанд намуди ҳосил кардани афканишоти монохрома­тикӣ мешаванд (лазерҳо, фурӯзонакҳои тахлияи газ).

Афканишоти гузаришӣ

вироиш

Афканишоти гузаришӣ – афканишоти электромагнитие, ки ҳангоми гузариши зарраи барқанок аз сарҳадди қисмати ду му­ҳити нишондиҳандаҳои шикасташон гуногун ба вуҷуд меояд. Ин падида соли 1945 аз тарафи Вита́лий Ла́заревич Ги́нзбург ва Иля Михайлович Франк пешгӯӣ ва дар таҷриба соли 1958 кашф шуд.

Радиоафканишот

вироиш

Радиоафканишот (радиомавҷҳо, радиобасомадҳо) – афканишоти электромагнитии дарозии мавҷашон 5×10−5–1010м ва басомадашон аз 6×1012 Ҳс то якчанд Ҳс-ро гӯянд. Бори аввал соли 1888 Ҳ. Ҳертс мавҷҳои электромагнитии дарозии мавҷашон якчанд см-ро ҳосил кард. Радиомавҷҳо дар интиқоли ахбор ба воситаи шабакаҳои радиоӣ истифода мешаванд.

Афканишоти рентгенӣ

вироиш

Афканишоти рентгенӣ (нурҳои рентгенӣ) – афканишоти электро­магнитие, ки энергияи фотонҳояшон дар ҷадвали энер­гетикӣ байни афканишотии ултрабунафш ва гамма-афканишот ҷойгир буда, дарозии мавҷаш аз 10−12 то 10−7 м баробар аст. Афканишоти рентгениро соли 1895 олими олмонӣ Вилҳелм Конрад Рентген кашф карда, «икс-нурҳо» («Х-нурҳо») номид ва барои ин кашфиёт ба Мукофоти нобелӣ сазовор гашт (1901). Соли 1896 дар Россия физикдон Абра́м Фёдорович Ио́ффе (шогирди В. К. Рентген) пешниҳод кард, ки Х-нурҳо «нурҳои рентгенӣ» номида шаванд. Нурҳои рентгенӣ ҳангоми шитоби калони зарраҳои барқанок (афканишот боздоштӣ) ё ҳангоми гуза­ришҳои баландэнергия дар қабатҳои электронии атому молекулаҳо ба вуҷуд меоянд. Ҳар дуи ин падида дар най­чаҳои рентгенӣ истифода мешаванд. Афканишоти рентгениро дар суръатфизои зарраҳои барқанок низ ҳосил кардан мумкин аст. Дар табиат афканишоти рентгенӣ дар натиҷаи иондоршавии атомҳо ҳангоми коҳиши радиоактивӣ, инчунин ба воситаи афканишоти кайҳонӣ пайдо мешаванд. Нурҳои рентгенӣ ионзо буда, аз қабати моддаҳо мегузаранд. Аз ин рӯ, онҳо ба организми инсон таъсир намуда, сабабгори касалии шуоӣ, сӯхтаи шуоӣ ва омоси саратон мегарданд. Дар навбати худ моддаҳо нурҳои рентгениро ба ҳар навъ фурӯ мебаранд.

Нурҳои рентгенӣ дар тиб барои ҳосил кардани тасвири устухонҳо ва узвҳои дохилии инсон, табобати омос ва касалиҳои пӯст истифода мешаванд. Дар саноат бо ёрии афканишоти рентгенӣ нақсҳои маҳсулотро муаяйн мекунанд. Дар маводшиносӣ, булӯршиносӣ (кристаллография), кимиё ва биохимия нур­ҳои рентгенӣ барои муайян кардани сох­тор ва таркиби кимиёии модда истифода бурда мешаванд (масалан, сохтори ДНК). Дар фурудгоҳу вокзалҳо мавҷуди­я­ти маводди оташангез, хатарнок ва мамнӯъ дар бағочи мусофирон бо интроскопҳои рентгенӣ муайян карда мешаванд.

Афканишоти синхротронӣ (магнитбоздоштӣ)

вироиш

Афканишоти элек­тромагнитие, ки зарраҳои барқаноки бо суръати нис­бӣ (релятивӣ) аз рӯйи масири каҷхатта ҳаракаткунанда (таҳ­ти таъсири майдони магнитӣ) меафкананд. Афканишоти худ ба худ рухдиҳанда (спонтанӣ) – раванди афканиши худ ба худи афканишоти электромагнитӣ аз ҷониби системаҳои кван­тӣ (атомҳо, молекулаҳо) ҳангоми гузариши онҳо аз ҳола­ти ангехта ба устувор.

Афканишоти ҳароратӣ

вироиш

Афканишоти электромагнитии спектраш бефосила, ки ҷисмҳои гармшуда аз ҳисоби энергияи дохилиашон меафкананд. Афканишоти ҳароратӣ яке аз се навъи одии интиқоли нерӯйи гармӣ (дар қатори гармоноқилият ва конвексия) мебошад.

Афканишоти тераҳерсӣ

вироиш

Афканишоти тераҳерсӣ (ТҲс, субмиллиметрӣ) – навъи афканишоти электромагнитиест, ки спектри басомадаи он байни ҳудудҳои афканишоти ултрабунафш ва фавқулбаландбасомад ҷой­гир шудааст (ҳудуди басомадаш аз 1011 то 1013 Ҳс, дарозии мавҷаш аз 3 то 0,03мм). Афканишоти тераҳерсӣ ионзо набуда, ба осонӣ аз диэлектрикҳо (чӯб, пластик, сафолот) мегузарад, вале аз ноқилҳо (металл, об) намегузарад. Ман­баи афканишоти тераҳерсии иқтидорашон калон суръат­фи­зоҳои хат­тӣ ва сиклотронҳо, иқтидорашон хурд гене­ра­торҳои кван­тии оптикӣ (лазерҳо) мебошанд. Афканишоти тера­ҳерсӣ дар баъзе соҳаҳои хоҷагии халқ ва ҳаёти ҳар­рӯза, аз ҷумла дар со­ҳаи бехатарӣ барои муоина намудани бағоч ва одамон истифода мешавад. Бар хилофи афканишоти рентгенӣ, афканишоти тера­ҳерсӣ ба саломатии инсон зарар надорад. Бо ёрии он аш­ёи филиззӣ, сафолӣ, пластикӣ ва ғайраи дар таҳти либос пин­ҳонкардашударо аз масофаи дур ошкор кардан мумкин аст. Дар тиб бо ёрии томографҳои тераҳерсӣ пӯст, узву мушакҳо муоина ва омосҳо акс­бардорӣ мешаванд. Бо ёрии афканишоти тераҳерсӣ расмҳои таҳ­ти қабати ранг ё андоваро дида, расми ибтидоиро барқа­рор мекунанд. Инчунин онро ҳамчун воситаи ало­қаи ба­ландсуръат ва барои муоинаи Кайҳон истифода бурдан мумкин аст.

Афканишоти боздоштӣ (тормозӣ)

вироиш

Афканишоти электромагнитие, ки зарраи барқанок ҳангоми пароканиш (боздошт) дар майдони электрикӣ меафканад.

Афканишоти ултрабунафш

вироиш

Афканишоти электромагнитие, ки байни ҳудудҳои афканишоти бунафш, интиҳои афканишоти намоён ва рент­генӣ ҷойгир аст (ҳудуди басомадаш аз 7,9×1014 то 3×1016Ҳс, дарозии мавҷаш аз 380 то 200 нм). Ин ҳудуд шартан ба ултрабунафши наздик (380–200 нм) ва дур ё вакуумӣ (200–10 нм) тақсим мешавад. Афканишоти ултрабу­нафш­ро соли 1801 Иоҳан Вилҳелм Риттер кашф кард. Манбаи асосии табиии афканишоти ултрабунафш дар Замин Офтоб аст. Ман­баъҳои сунъии афканишоти ултрабунафш чароғҳои махсус ва ла­зерҳо мебошанд. Афканишоти ултрабунафш ба организми инсон таъсири мусбат ва манфӣ дорад. Таҳти таъсири ин нурҳо рагҳои хунгард васеъ шуда, мубодилаи мод­даҳо меафзояд, истеъмоли оксиген беҳтар шуда, нафас­кашӣ осон мегардад, витамини D тавлид мешавад, ки он устухону му­шакҳоро мустаҳкам мекунад ва ғайра Истеъмоли зиё­ди нур­ҳои ултрабунафш ба пӯст ва чашм зарар мерасонад. Зери таъсири афканишоти ултрабунафш полимерҳо тез фарсуда шуда, муҳлати истифодаи маводди полимерӣ кам мегардад.

Афканишоти ултрабунафш дар ҳаёти ҳаррӯза васеъ истифода мешавад. Барои нусхаи аслиро аз қалбакӣ фарқ кардан дар шиносномаҳо, пулҳо ва кортҳои маблағдори бонкҳо ишораҳои ултрабунафш мегузоранд, то бо ин нурҳо ни­го­раҳои аслиро аз нигораҳои қалбакӣ фарқ кунанд. Ча­роғҳои ултрабунафш барои безарар гардондани об, ҳаво ва сатҳҳои гуногун, таҳлили кимиёии моддаҳо ва мине­ралҳо васеъ истифода мешаванд.

 
Афканишоти Черенков (аниматсия)

Афканишоти сиклотронӣ (магнитотронӣ)

вироиш

Афканишоти электро­маг­нитие, ки зарраҳои барқаноки аз майдони магнитӣ тамо­юлхӯрда меафкананд.

Афканишоти Вавилову Черенков

вироиш

Ё падидаи Вавилову Черенков – шуоъафкании зарраи барқанокро гӯянд, ки ҳан­гоми дар муҳити шафоф бо суръати калонтар аз суръати паҳншавии рӯшноӣ (дар ҳамин муҳит) ҳаракат карданаш ба амал меояд. Ин афканишот соли 1934 аз ҷониби олими рус Па́вел Алексе́евич Черенко́в таҳти роҳбарии Серге́й Ива́нович Вави́лов кашф шудааст.

Афканишоти реликтӣ

вироиш

Афканишоти реликтӣ (ё афканишоти микромавҷии кайҳонӣ) – афканишоти электромагнитии кайҳонии дараҷаи изотропнокиаш баланд, ки спектраш барои ҷисми мутлақ сиёҳ хос мебошад (бо ҳарор. 2,725 К). Мавҷудияти афканишоти реликтӣ ба таври назариявӣ дар доираи назарияи Таркиши бузург пеш­гӯӣ шуда буд. Олимон бар он ақидаанд, ки гӯё афканишоти ре­ликтӣ аз марҳалаҳои аввали пайдоиши Коинот мавҷуд буда, онро тадриҷан пур мекунад. Дар амалия мавҷу­ди­яти афканишоти реликтӣ соли 1965 тасдиқ карда шуд. Афканишоти реликтиро соли 1948 Г. Гамов, Р. Алфер ва Р. Герман дар асоси на­­за­рияи якуми Таркиши бузурги тафсони сохтаашон пеш­гӯӣ кардаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Электромагнитное излучение и ваше здоровье. СПб., 2003;
  • Кудряшов Ю. Б. Радиационная биофизика. М., 2004.