Африқои Шимолӣ
Африқои шимолӣ — ноҳияи табиии Африқо, ки масоҳаташ тақрибан 10 млн км буда, қисми зиёди ҳудуди онро биёбони Саҳрои Кабир иҳота кардааст. Дар Африқои Шимолӣ давлатҳои ҳудудан бузурги Алҷазоир, Миср, Марокаш, Судон, Либиё, Мавритания, Саҳрои Кабири Ғарбӣ, Тунис ва Судони Ҷанубӣ ҷой гирифтаанд. Африқои Шимолӣ минтақаи табии баҳримиёназаминӣ буда, ҳудуди он дар соҳили ҷанубии Баҳри Миёназамин воқеъ гаштааст ва гармтарин минтақаи олам аст. Ҳарорати миёнаи гармои тобистон дар қисми шимолӣ 25–30о С, дар ҳамвориҳои Саҳрои Кабир, ҳатто дар соя ба 580 С мерасад. Дар Саҳрои Кабир бориш ба назар намерасад, аммо аҳёнан борони сел борида, боиси обхезӣ мешавад. Дар қисми ҷанубии Африқои Шимолӣ даштҳои беобу биёбонгашта вомехуранд. Аз сабаби беборишӣ имкони киштукор вуҷуд надорад ва зиндагии мардум душвор аст. Биёбонҳои Африқои Шимолӣ регзору санглоханд, набототашон аз рустаниҳои хушкидӯст иборат аст. Ба иқлими Саҳрои Кабир гиёҳҳои хӯшадори бебарг, буттаҳои паст хоссанд. Дар даштҳо гиёҳҳои хӯшадору дарахтони калон, монанди нахлу зайтун, булуту хурмо ва ақоқиёву ғор мерӯянд. Ҷанубтари онро даштҳои сералаф фаро гирифтаанд. Сарватҳои зеризаминии Африқои Шимолӣ асосан фосфорит, нафт, гази табиӣ (Алҷазоир, Либиё, Тунис) ва тило (Судони Ғарбӣ) мебошанд. Олами ҳайвоноти Африқои Шимолӣ ғанӣ ва гуногун аст. Дар ин ҷо хояндаҳо зиёданд, якчанд навъи бузи ваҳшӣ, ғизоли кӯҳӣ, шағол, кафтор вомехуранд. Дар Африқои Шимолӣ шутур, ки ҳайвони дар шароити биёбон мувофиқ аст ва масофаи зиёдро метавонад бе об тай намояд, парвариш карда мешавад ва маҳз ба шарофати шутурҳо дар биёбонҳои ин ҷо қабилаҳои туарег ва барбарӣ зиндагӣ мекунанд.
Аҳолӣ
вироишАксари аҳолии Африқои Шимолӣ ба забони арабӣ ҳарф зада, муътақиди дини исломанд. Бинобар ин, адабиёт, санъати меъморӣ ва дигар навъҳои фарҳанги ин давлатҳо бо умумияти сабк тавсиф мешаванд (услуби исломӣ хос аст). Дар мамлакатҳои ҷануби Саҳрои Кабир қавму қабила ва мардумони гуногунмиллат маскунанд, ки ба чандин забон ҳарф мезананд, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва эътиқоди диниашон аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунад. Масалан, дар Ҳабашистон 70 забон муравваҷ аст. Дар баъзе аз мамлакатҳо ба сифати забони расмӣ, яке аз забонҳои аврупоӣ истифода мешавад, ки барои мардумони гуногунмиллат имкони муоширатро фароҳам меоварад. Дар аксари мамлакатҳои Африқои Шимолӣ забони фаронсавӣ ба сифати забони расмӣ ва байналмилалӣ мавриди истифода аст. Дар биёбони Калахари мардумони койсан маскунанд. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 аз 0,3 то 100 нафар ва бештар (дар водии дарёи Нил то 550 нафар). Шаҳрҳои калонтаринаш Қоҳира (аз ҷумлаи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон, аҳолиаш беш аз 9 млн), Искандария, Касабланка, Киншаса, Лагос, Алҷазира, Аддис-Абеба, Йоҳаннесбург ва ғайра Қисми асосии аҳолӣ сокини деҳотанд.
Таърих
вироишТақрибан 7 ҳазор сол пеш дар Африқои Шимолӣ нисбат ба имрӯз борони зиёд меборид ва Саҳрои Кабир биёбон набуд. Тамоми ин маҳдудаи бузург дашт (саванна) ва дар он ҳайвоноти гуногун мавҷуд будаанд. Аз оғози ҳазораи чоруми то милод иқлимаш ба хушкӣ табдил ёфта, сокинонаш онро тарк карданд ва ба сарчашмаҳои об (аз ҷумла водии дарёи Нил) кӯч бастанд.
Баҳри Миёназамин чун шоҳроҳи доимии киштигардӣ барои ривоҷи тиҷорату иқтисод ва пешрафту омезиши тамаддунҳо дар Миср, Алҷазоир, Тунис ва дигар кишварҳои Африқои Шимолӣ мусоидат намуд. Дар аҳди давлатдории Ҳахоманишиён, бахусус ҳангоми шоҳаншоҳии Камбуҷия (529–522 то м.) ва Дорои Бузург (522–486 то милод), ба қаламрави Мисру Ҳабашистон (Эфиопия, Куш) тамаддуни мардуми ориёитабор роҳ кушод. Омезиши тамаддуни халқиятҳои Миср, Алҷазоир ва Тунис дар аҳди давлатдории Портҳо ва Сосониён нисбатан вусъат ёфта, баробари корвонҳои тоҷирон ба ин кишварҳо меъморону шаҳрсозон ва диг. намояндагони аҳли фарҳанг сафар карда, барои нуфузёбиву густариши эронитаборон роҳ мекушоданд. Густариши ислом ва кишваркушоиҳои Хилофати исломӣ дар аҳди халифа Усмон ибни Аффон (644–656) дар ҳудуди Осиё, қисмати Африқои Шимолӣ вусъат ёфта, то канораҳои Андалусия (Испания) расид. Хонадони эронитабори Рустамиён муддате (асри 9) дар минтақаҳои шимолӣ ва шарқии Африқои Шимолӣ ҳукумати хоссаи худро доштанд. Муддате ҳам Туркияи Усмонӣ баъзе аз ҳудуди мазбурро дар ихтиёр дошт. Ниҳоят, дар ибтидои садаи XX тақрибан тамоми Африқои Шимолӣ таҳти фармонравоии аврупоиён қарор гирифт. Ва танҳо дар солҳои 50–60 садаи XX аксари кишварҳои африқоӣ тавонистанд, ки истиқлол ба даст оварданд.
Иқтисодиёт
вироишДавлатҳои Африқои Шимолӣ аз ҷумлаи мамлакатҳои мутараққӣ мебошанд (ба ҷуз Судон ва Мавритания). Иқтисодиёти Тунис байни давлатҳои қитъаи Африқо рақобатпазир буда, Алҷазоир ва Либиё бо захираҳои бузурги нафту гази дар мамлакатшон истихроҷшаванда, ки аз маҳсулоти муҳимми бозори ҷаҳонианд, Марокаш бо истихроҷи фосфорит мавқеи мустаҳкамро соҳибанд. Дар мамлакатҳои Мисру Либиё ва Тунису Марокаш соҳаи сайёҳӣ рушд кардааст. Аксарияти мардумони Африқои Шимолӣ бо кишоварзӣ машғуланд. Дар минтақаҳои баҳримиёназаминӣ кишоварзон ба парвариши ҷаву гандум, арзан, ҷуворӣ, найшакар ва пахта машғуланд.
Ҳудуди Африқои Шимолӣ аз ёдгорҳои меъморӣ ва табиӣ ғанӣ буда, харобаҳои яке аз шаҳрҳои қадимтарини дунё – Мемфис ва аҳроми Гиза (Миср), маҳаллаҳои дар ҳолати хуб боқимондаи асримиёнагӣ дар шаҳри Фес (Марокаш) ва пуштакӯҳи Тассилин – Анҷер бо нақшҳои рӯисангии асри санг (Алҷазоир), харобаҳои шаҳри қадими Лептис – Магно (Либиё) ба рӯихатти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудаанд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.121-122