Афсари Баҳор
«Афсáри Баҳóр» أفسربهار — оҳанги мавсимию маросимии форс-тоҷик, ки онро Борбади Марвӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз дар аҳди Сосониён эҷод намудааст. «Афсари Баҳор» ба силсилаи дуюми «Хусравонӣ»-и Борбад низ дохил аст, ки зебоиҳои табиат ва суруру шодии мардумро дар баҳорон тавсиф мекунад. Дар маъхаз ва манбаъҳои хаттии асҳои 12–13 («Мақолид-ул-улум»-и Ҷурҷонӣ, «Рисолаи мусиқӣ»-и Муҳаммади Нишопурӣ ва ғайра) «Афсари Баҳор» чун шуъбаи мусиқии мақоми «Ушшоқ» хотирнишон шудааст; 2) гӯшаи мусиқӣ дар таркиби «Ҳафтмақом» («Ҳафтдастгоҳ»)-и Эрон. Ҳоло «Афсари Баҳор» дар мусиқии халқи тоҷик маъмул нест.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.125
- Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV–VII. Д., 2011. / А. Раҷабов.