Афсарӣ أفسری (соли таваллуд номаълум, Кармина — вафот байни 1563—1566, Бухоро) — шоири тоҷик. Дар доираи адабии Бухоро ба камол расида ва соҳибдевон будааст. Ашъори хубу санҷида дар навъҳои ғазал, рубоӣ, муаммо ва ғайрадоштааст. Аз меросаш ашъори пароканда ба воситаи тазкираҳо ва баёзҳо боқӣ мондаанд. Ин байт аз ӯст:

Афсарӣ
Таърихи таваллуд: асри XVI
Зодгоҳ: Кармина
Таърихи даргузашт: байни 15631566
Навъи фаъолият: шоир

На аз боди сабое ларза дар ҷоми шароб афтад,
Зи акси рӯйи соқӣ ҷоми май дар изтироб афтад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш