Áффикс (лот. affixus – пайвастшуда, часпида) — ҳиссаҳои ёрирасони калимасоз, ки дорои маънои грамматикӣ буда, ба аввал, мобайн ва ё охири реша пайваст шуда маънову сохти онҳоро тағйир медиҳанд. Аффиксҳо пеш аз решаву асос оянд, пешванд (префикс; ҳам-дил, бо-шукӯҳ, бе-мағз, дар-омад, фур-овардан), дар мобайн миёнванд (интерфикс: гуфт-у-гӯ, гир-у-дор, дав-о-дав) ва дар охир пайваст гарданд, пасванд (суффикс: амон-ӣ, шавқ-манд, чӯб-ин, гул-истон) ном доранд. Навъи дигари аффикс миёнванд (инфикс) мавҷуд аст (масалан дар забони англисӣ sta-n-d – истодан масдар буда, бе миёнванди n – stood маънои «меистод»-ро мефаҳмонад) ва ин дар забони тоҷикӣ маъмул нест. Аффикс вобаста ба хусусияти маъносозӣ калимасоз (ҳам-фикр, бо-шараф, ҳалво-гар, сабз-иш, хирад-манд) ва шаклсоз (би-гуфт, ме-гуфт, корд-ча, каду-ча, чӯб-ак) шуда, баъзе аффиксҳо ҳам маънои луғавӣ ва ҳам маънои грам­матикии решаро тағйир медиҳанд. Масалан: сӯз-он, даҳ-а, но-дон, сиёҳ-ӣ. Дар мавриди муайян намудани вазифаи маъносозию шаклсозии аффикс ба хусусияти маъноии онҳо дар дохили реша ё асос диққат бояд дод, зеро як зумра аффиксҳо шаклсоз бошанд ҳам (хоҳар-ча, одам-ча, кабуд-ча), хосияти калимасозӣ низ доранд (бози-ча, ало-ча, қалам-ча). Аффиксҳо дар забон вазифаҳои муҳимми луға­вию грамматикиро адо намуда, аз рӯйи дараҷаи калима­созӣ дар забони муосир ба гурӯҳҳои сермаҳсул, каммаҳсул ва бемаҳсул ҷудо мешаванд. 1. Аффиксҳои сермаҳсул аз рӯйи қолаби муайяни калимасозӣ миқдоран калимаҳои бисёр месозанд: ҳам-, бо-, бе- ва ғайра 2. Аффиксҳои каммаҳсул доираи калимасозии нисбатан танг доранд ва калимаҳои бисёр сохта наметавонанд: бар-, фур-, дар-. 3. Аффиксҳои бемаҳсул танҳо бо якчанд калима омада, хусусияти қадимӣ доранд, аз давраҳои пеш то кунун ду–се калима сохтаанд: -ур (ранҷ-ур, музд-ур, ганҷ-ур).[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.129 / С. Ҳошимов.