Аффилиáтсия — ҳамроҳшавӣ, ҳолати равониест, ки шахс дар он барои пайвастан бо гурӯҳ ва ҳамроҳ шудан бо ҷамоате талош меварзад. Майл ва кӯшиш ба аффилиатсия дар шахс вақте пайдо мешавад, ки дар ҳолати фишори рӯҳӣ, тарс аз чизе ва ё ваҳшати танҳоӣ қарор дошта бошад. Пайвастан бо ҷамъи дигаре вайро аз он ҳолат берун меорад, тарсу ваҳшат ва изтиробашро коҳиш медиҳад ва шиддати фишори рӯҳиро то андозае сабук мекунад. Аз даст додани аффилиатсия дар шахс эҳсоси танҳоӣ, ваҳшат ва бегонагиро ба вуҷуд оварда, ӯро ба ҳолати эҳсоси нокомӣ ва навмедӣ дучор месозад. Илова бар ин, майл ба аффилиатсия яке аз ниёзҳои фитрӣ ва хусусиятҳои равонии инсон аст.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.129 / А. Боқизода.
  • Деннис Кун. Основы психологии. Все тайны поведения человека. М., 2004;
  • Новейший психологический словарь. Ростов на-Дону, 2007.