Афшин Муқим
Афшин Муқим (зод. 16 феврали 1992, ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, Тоҷикистон) — рӯзноманигори тоҷик, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2020). Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2018).
Ном ҳангоми таваллуд | Афшин |
---|---|
Таърихи таваллуд | 16 феврал 1992 (32 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Пеша | рӯзноманигор |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишАфшин Муқим 16 феврали соли 1992 дар ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 2014 бо ихтисоси шарқшинос-филолог хатм кардааст[1].
Фаъолияти корӣ
вироишСолҳои 2011—2012 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2012 то соли 2015 дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» фаъолият кардааст. Аз 3 феврали соли 2014 дар вазифаи котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад[1].
Аз соли 2018 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Ҷоизаҳо
вироишАфшин Муқим дар соли 2020 бо нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Афшини Муқим – котиби матбуотии кумита. din.tj. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим (2 май 2014). 26 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 апрели 2021.
- ↑ Дар АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (11 марти 2020). 26 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 марти 2020.