Афшóн — як навъи ороиши китоб, дар матни китоб ё дар ҳошияи он пошидани оби тило. Ҳамчунин бо рангҳои гуногун заминаи коғаз хол-хол рангомезӣ мешавад. Амали Афшон бо ёрии олатҳои махсус иҷро мегардад, ки онро зарафшон низ мегӯянд. Афшон дурушт ва бехта мешавад. Афшони бехтаро Муҳаммад Муъмин ибни Хоҷа Абдуллоҳи Марворид ихтироъ намудааст.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.130 /