Ахбориён
Ахбóриён أخباریان — пайравони шиаи исноашарӣ, ки масъалаҳои диниро дар асоси аҳодис (ахбор)-и Пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) ва таълимоти фирқаи имомия ҳал мекунанд. Ахбориён бар хилофи аҳли суннату ҷамоат ахбори худро доранд. Мувофиқи таълимоти онҳо хабар чор навъ мешавад: 1) хабари саҳеҳ, ки гӯяндаи он одил ва пайрави шиаи исноашарист; 2) хабари ҳасан, ки гӯяндаи он одил ва шиаи имомӣ буданаш шарт нест; 3) хабари мувассақ, ки гӯяндаи он одил ва шиаи имомӣ нест; 4) хабари заиф, ки гӯяндаи он дурӯғгӯ ва фосиқ аст.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.133 / А. Муҳаммадхоҷаев.