Ахилл
Ахи́лл, ё Ахилле́с (юн.-қад. Ἀχιλλεύς; юн. Αχιλλέας; лот. Achilles) — яке аз шахсиятҳо дар асотири Юнони Қадим, паҳлавоне, ки дар Ҷанги Троя далерию шуҷоат нишон дод.
Маҳалли даргузашт | |
---|---|
Падар | Peleus[d] |
Модар | Thetis[d] |
Ҳамсар | Deidamia[d] ва Helen of Troy[d] |
Фарзанд | Euphorion[d][1] ва Neoptolemus[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ахилл — Ахиллес, Дар бораи ин шахс қиссаву ривоятҳо, устураҳои бисёре дар манбаъҳои асотири Юнони Қадим ва Рум вуҷуд доштанд. Дар яке аз устураҳо омадааст, ки модари Ахилл эзади оби баҳр Фетида барои бемаргу ҷовидон гардондан ӯро дар оби муқаддас (Оби ҳаёт)-и Стикс шустушӯ доронд. Тамоми узви бадани Ахиллба ғайр аз сунби пояш, ки модараш онро ба даст гирифта буд, дар об тар шуданд. Ба ҳамин тариқ, танҳо ба сунби пойи Ахиллтир ва ё шамшер зада, ӯро мағлуб кардан мумкин буд. Фетида медонист, ки агар Ахилл дар Ҷанги Троя ширкат кунад, кушта мешавад. Барои ҳамин ӯро либоси занона пӯшонда ба назди духтарони Ликомед ба ҷаз. Cкирос фиристод. Одиссей барои Ахиллро ба Ҷанги Троя овардан ба Скирос рафт ва ӯро барои ширкат кардан дар ин ҷанг розӣ кард. Пас аз саргузаштҳо, муҳорибаҳову набардҳо Ахилл ба дасти Парис ном паҳлавони юнонӣ аз сунби пояш тир хӯрда ба ҳалокат расид. Дар «Илиада»-и Ҳомер ҳам лаҳзаҳое аз қаҳрамониҳои Ахилл тасвир шудаанд. Дар чанде аз шаҳрҳои Юнон, Византия, димоғаи Керч ва ғайра ибодатгоҳҳои Афина вуҷуд доштанд. Аз ҷиҳати рӯйинтанӣ Ахилл ба шахсияти таърихӣ ва асотирии Эрони Бостон Исфандиёр монанд аст. Исфандиёрро танҳо ба чашмаш тир зада мағлуб кардан мумкин буд. Ҳамин сирро Симурғ ба Рустам ифшо кард ва Рустам ба чашми Исфандиёр тир зада, пирӯз шуд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Хоммель Х. Ахилл-бог // ВДИ, 1981, № 1.
- А. П. (псевдоним) Ахилл Эрмитажа // «Жур. Мин. Нар. Просв.», 1868 г., ч. 139, № 86Б — с. 395—406.
- Гиндин Л. А., Цымбурский В. Л. Гомер и история Восточного Средиземноморья. — М., 1996. — С. 294, сл.
- Овербек И. (J. Overbeck) Galerie heroischer Bilderwerke. — т. 1, Брауншв., 1852.
- Bulletino della commissione archaeologica di Roma. — т. V, 1877.
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.