Ахлоқи Носирӣ

(Тағйири масир аз Ахлоқи носирӣ)

«Ахлóқи носирӣ» (форсӣ: أخلاق ناصری‎) — асари файласуфи форс-тоҷик Насируддини Тусӣ мебошад, ки соли 1235 таълиф шуда, дар бораи фалсафаи амалӣ баҳс мекунад.

Ахлоқи носирӣ
(форсӣ: اخلاق ناصری‎)

Муаллиф: Насируддини Тусӣ
Забони асл: порсӣ
Нашр: 1235
Расона: китоб

Китоб ба ташвиқи ҳокими Куҳистон Насируддин Абулфатҳ Абдурраҳим ибни Абумансур марди фозилу ҳунарпарвар таълиф шудааст.

Муқаддима

вироиш

Муаллиф дар сароғози китоб бадин маънӣ ишорат карда: «Ба вақти мақоми Куҳистон дар хидмати ҳокими он буқъаи маҷлиси олӣ, Носируддин Абулфатҳ Абдурраҳим Абумансур – дар аснои зикре, ки мерафт аз китоби «ат-Таҳора», ки устоди фозил ва ҳакими комил Абуалӣ Аҳмад Мискавайҳи Розӣ дар таҳзиби ахлоқ сохтааст, бо муҳаррири ин авроқ фармуд, ки ин китоби нафисро ба табдили кисвати алфоз ва нақл аз забони тозӣ бо забони порсӣ таҷдиди зикре бояд кард, чи агар аҳли рӯзгор, ки бештар аз ҳиляи адаб холиянд, аз мутолааи ҷавоҳири маонии чунон таълифе ба зинати фазилате ҳолӣ шаванд, эҳёи хайре бувад ҳар чӣ тамомтар». Ҳамчунин аз унвони китоб низ ин маънӣ бармеояд.

Аз байни асарҳои сершумори Насируддини Тусӣ китоби «Ахлоқи носирӣ» арҷу мақоми хоссаеро дорост. Он аз муҳимтарин осори мансури ахлоқӣ маҳсуб мешавад, ки анъана­ҳои беҳтарини сабки таълифии қадимиён, аз ҷумла «Калила ва Димна»-ро идома додааст. Дар «Ахлоқи носирӣ» масоили асосии қисмати амалӣ – сиёсат, иҷтимоиёт ва ахлоқ дар пайвастагӣ шарҳу тафсир гардидаанд.

Мақола ва фаслҳои китоб

вироиш

Китоб аз се мақолаи бузург ва сӣ фасл иборат аст:

«Дар таҳзиби ахлоқ»

вироиш

Дар ин фасл шарҳи масъалаҳои ахлоқ, назарияи маърифат ва равоншиносиро дар бар мегирад. Муаллиф назарияи фитрӣ будани ахлоқро рад карда, қайд мекунад, ки он бо таъсири муҳит ва таълиму тарбия тағйир меёбад.

«Дар тадбири манозил»

вироиш

Дар ин фасл Пайдоиши оила ва муносибатҳои оилавиро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Муҳаққиқ сабабҳои пайдоиши оиларо дар зарурати таъмини маош, му­ҳофизати молу мулк ва бардавомии насли башар ҷустааст. Нуқтаи назари ӯ дар бораи муносибати зану шавҳар, фарзандон, хоҷагию хидматгор аз маҳдудиятҳои таърихӣ холӣ нест. Вале ақидаи муаллиф оид ба пос доштани хотири куҳансолон, падару модар, таъмини хушҳолии зан ва адолату шафқат нисбат ба ӯ ҷиҳатҳои пешқадами таълимоташро ташкил медиҳанд.

«Дар сиёсати мудун»

вироиш

Дар ин фасл ақидаҳои иҷтимоию сиёсии муҳаққиқ баён шудааст. Ба ақидаи ӯ эҳтиёҷоти ҳаётии аҳли ҷамъият (пӯшок, хӯрок ва ғайра) бе ёрии ҳамдигар рафъ намешавад. Онҳо маҷбуранд, ки муттаҳид шаванд ва ҳамин иттиҳоди одамон – ҷамъият (мадина, ҷамъаш мудун) аст.

Ба ақидаи Насируддин ҷамъият чанд навъ дорад, ки беҳтаринаш ҷамъият (мадина)-и ҳуррият аст; аъзои ин гуна ҷамъият комилҳуқуқ ва озоданд. Мардум танҳо дар ин гуна ҷамъият саодатманд шуда метавонанд. Дар ин мақола утопияи иҷтимоии муҳаққиқ ифода ёфтааст. Дар «Ахлоқи носирӣ» ақидаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоию сиёсии Форобӣ, Ибни Мискавайҳ, Ибни Сино ва дигарон ҷамъбаст ва такмил ёфтааст.

Ин асар ба инкишофи минбаъдаи фалсафаи амалӣ таъсири амиқ бахшид, ки «Ахлоқи Ҷалолӣ» далели он аст.

Адабиёт

вироиш

Сарчашма

вироиш