Ахсикат
Ахсикáт — пойтахти қадимии водии Фарғона, ки асрҳои 3-2 то м. бунёд шудааст.
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё | |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ахсикатҳои 9-16 ба шаҳри калон табдил ёфта, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании Фарғона нақши муҳим бозид. Бори аввал дар маъхазҳои садаи X номбар шудааст. Ахсикат баъди Андиҷон шаҳри калонтарин буда, охири садаи XVI хароб гардид. Харобаҳои Ахсикат ҳоло Эски Ахси ном дошта, дар ҷамоати деҳоти Шаҳанди ноҳияи Намангони вилояти Намангон дар соҳили рости дарёи Сир воқеъ мебошанд. Ахсикат аз се қисм: арк, шаҳристон ва рибот иборат буда, ҳар кадом аз се тараф бо деворҳои алоҳида иҳота шудаанд. Аз ҷануб дарёи Сир чун садд хидмат мекунад. Аз маъхазҳои садаи X маълум мешавад, ки дар арк кӯшки ҳоким ва маҳбас, дар шаҳристон — бозори дохилӣ ва масҷиди ҷомеъ, дар работ маҳаллаҳои ҳунармандон ва бозори берунӣ воқеъ будаанд. Ҳавлиҳои аз хишти пухта сохташудаи шаҳристон аз чанд ҷӯй об мегирифтанд. Роҳ Ахсикатро бо Андиҷон, Марғелон, Хӯқанд, Косон ва Қув, ба воситаи Поп бо Хуҷанду Илоқ мепайваст. Дар Ахсикат соли 1885 ва 1914 ҳафриёт доир шуда, соли 1940 Институти таъриху бостоншиносии АИ Ӯзбекистон таҳқиқоти махсус доир намуд. Аз он ҷо лӯлаҳои сафолин, тангаҳои гуногун, зарфҳои шишагин ёфт шуданд. Дар ғарбтари Ахсикат вуҷуд доштани харобаи шаҳри қадимаи давраи ғуломдорӣ муайян гардид. Соли 1965 дар Ахсикат хазинаи тангаҳои мисин ёфт шуд.
Он аз соли 1950 чун ёдгори таърихӣ таҳти муҳофизати давлат аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ахсикат // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пайвандҳо
вироиш- И. Ахраров. Новые археологические материалы с городища Ахсикет XIV—XVI веков: Общественные науки в Узбекистане, вып. № 8-9. Ташкент, 1969.(пайванди дастнорас)