Ахтá — бо роҳи ҷарроҳӣ гирифтани ғадудҳои ҷинсӣ ё бо усули дигар, масалан, бо шуоъ, ҳормонҳо ва ғайра қатъ намудани фаъолияти онҳо.

Ахта кардани чорво вироиш

Ахта кардани чорво аз замонҳои хеле қадим маълум аст. Чорворо асосан барои гӯшту равғани иловагӣ, бештар тарошидани пашм, осонтар шудани дар галлаву рама нигоҳ доштани он, табобати омоси ғадудҳои ҷинсӣ, захми тухмдон ва даббагӣ ахта мекунанд. Дар хоҷагиҳои чорводорӣ ҳайвонот фақат бо роҳи ҷарроҳӣ ахта карда мешаванд. Ҳайвони ахта оромтабиат ва зуд фарбеҳ шуда, гӯшташ лазизу бомаза мегардад, бӯйи ғализи гӯшти такка, қӯчқор ва нархук нест мешавад. Чорвои касал ва харобро ахта кардан мамнӯъ аст. Ҳайвонотро тамоми сол метавон ахта кард, аммо ин корро бештар авв. баҳор, то оғози гармо ё охири тирамоҳ иҷро мекунанд. Ахта кардани чорво вазифаи байтор ё фелдшер аст. Ҳангоми ахта кардан ғадудҳои ҷинсии ҳайвонот тамоман ё қисман гирифта мешаванд. Дар сурати пурра ахта накардан ғадудҳои ҷинсӣ нутфа ҷудо накунанд ҳам, гормон хориҷ мекунанд. Ахтакунӣ ду навъ – кушода (хояро чок карда, тухми онро мегиранд) ва пӯшида (пӯсти хояро чок накарда, найчаҳои нутфаро фишурда, аз кор мебароранд) мешавад.

Буққаҳоро барои парво, инчунин тагал ва таккаҳоро дар 4–6-моҳагӣ, буққаҳои кориро дар 1-солагӣ ахта кардан беҳтар аст. Барои ин буққаро рост монда ё ба паҳлуи чап хобонда сахт мебанданд, тагал ва таккаро ба паҳлуи чап хобонда ё дар ҳолати «нишаст» ахта мекунанд.

Шутур, хар ва айғир яксон ахта карда мешаванд. Баъди ахта ба найчаҳои тухмдон ва ҷароҳат маҳлули йод мемоланд.

Дар сурати риоя накардани қоидаҳои ахта иллатҳои гуногун пайдо мешаванд. Масалан, дар натиҷаи ба кор бурдани асбобу афзори номувофиқ аз рагу бофтаҳои хоя хун меравад. Дар ин маврид рагҳои зарардидаро бо ресмон мебанданд ё ба организми ҳайвон доруҳои хунбанд мефиристанд.

Ҳамчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Семёнов Б. С. Хирургия на ферме. М., 1989;

Сарчашма вироиш