Ахтарони назм
«Ахтарóни назм» — қисмбандӣ (композитсия)-и санъати ҳайкалтарошӣ; ороиши монументалӣ дар намои маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Меъморӣ
вироиш«Ахтарони назм»-ро ҳунармандон С. У. Қурбонов, Р. Каримов ва Рассоми халқии Тоҷикистон, ҳайкалтарош И. З. Милашевич офаридаанд. Қисмбандӣ аз ёздаҳ муҷассамаи дар зинаҳои тоқчаҳои намои маҷлисгоҳ ҷойгирифта иборат аст.
Ҳар зина шартан давраҳои инкишофи адабиёти тоҷикро ифода мекунад. Дар маркази қисмбандӣ (дар меҳвари марказии қисми болоӣ) муҷассамаи се тан намояндагони адабиёти классикии форс-тоҷики садаи X – Абуалӣ ибни Сино, Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Абулқосим Фирдавсӣ ҷойгиранд. Шоирони ин давра, ки давраи «Эҳё» меноманд, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ мароқ зоҳир карда, мекӯшиданд анъанаҳои маҳаллиро эҳё намоянд. Ҳамаи ин дар эҷодиёташон, ки дар аҳди давлатдории Сомониён, хусусан Исмоили Сомонӣ, гузаштааст, таҷассуми худро ёфтаанд. Дар зери муҷассамаҳои гурӯҳи шоирони садаи X баргҳои паҳншудаи пӯст (пергамент) ва китоби кушодае, ки дар он аз осори намояндагони бузурги халқи тоҷик иқтибос оварда шудааст, ҷой дорад. Ин рамзи робитаи вақт аст.
Мутаносибан ба маркази қисмбандӣ, як зина поён дар тоқчаҳо муҷассамаҳои намояндагони назми форс-тоҷики асрҳои 12–13 – Умари Хайём ва Саъдии Шерозӣ ҷойгиранд. Асри 12 дар таърихи адабиёт ва санъат ҳамчун давраи махсус шуморида мешавад. Дар ин давра нуфузи забони форсӣ, илм, адабиёт берун аз марзи Осиёи Марказӣ хеле васеъ паҳн шуд. Шоирони ин давра дар ашъорашон ба масъалаҳои иҷтимоиву фалсафӣ ва илмӣ дахл намуда, ғояҳои суфизмро тарғиб менамуданд. Умари Хайём яке аз намояндагони маъруфи назми ин давр буд, ки ақидаҳои фалсафии худро дар шакли рубоӣ баён менамуд. Саъдии Шерозӣ – намояндаи назми садаи XIII ҳамчун устоди ғазалсаро маъруф аст. Ӯ шодию андӯҳи ҳаёти инсониро тараннум карда, такомули рӯҳониву ҷисмонии инсон, саъю кӯшиши ӯро барои озодӣ ва ҳаёти хуррам тасвир менамуд.
Сипас муҷассамаҳои шоирони асрҳои 14–15 Ҳофизи Шерозӣ (аз тарафи рост) ва Абдурраҳмони Ҷомӣ (аз тарафи чап) гузошта шудаанд. Эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ марҳалаи нави инкишофи жанри ғазал мебошад, ки афкори нозуки фалсафии ӯ бо кайфияти баланди рӯҳонӣ тавъаманд. Ҷомӣ давомдиҳандаи назми классикии анъанавист, ки дараҷаи баланди эҷодиёташ тахаюлоти иҷтимоӣ мебошад. Қисмбандиро муҷассамаҳои намояндагони садаи XX анҷом медиҳанд. Ҳамчун рамзи ваҳдат ва дӯстии эҷодӣ муҷассамаҳои онҳо дар тоқчаҳо ҷуфт-ҷуфт ҷой гирифтаанд.
Аз тарафи рост муҷассамаҳои С. Айнӣ ва М. Горкий истодаанд, ки солҳои дароз онҳоро дӯстии бузурги эҷодӣ мепайваст. Аз тарафи чап муҷассамаҳои Мирзо Турсунзода ва Абулқосим Лоҳутӣ қарор доранд. Сатҳи девор бо оҳаксанг рӯйкаш шуда, қисман нақшу нигори кандакорӣ дорад, ки робитаи тамоми қисмбандиро бо манбаъҳои эҷодиёти халқӣ возеҳ инъикос намудааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.