Ахшунвóр, Вахшунвор[1] (суғ. əxšōnδār; порсии миёна: xašnawāz) — подшоҳи Ҳайтолӣ (450—480), муосири шоҳаншоҳи Сосонӣ Пирӯзи I.

Ахшунвор
Подшоҳи Ҳайтолиён
450 — 480

Бо Пирӯз ду дафъа онҳо дар муқобили ҳам ҷангидаанд. Бори дуюм Фирӯзи Сосонӣ дар соли 484 ба Ҳайтолиён ҳамла кард. Чун Ахшунвор аз қасди Фирӯз огоҳ шуд, дастур дод, ки дар сари роҳи сипоҳи Фирӯз кандакҳо канда ва рӯйи онҳоро бо чӯби нозук ва хок бипӯшонанд. Замоне Фирӯз ба кандакҳо наздик шуд, Ахшунвор ва сарбозонаш фирор карданд. Сарбозони бисёри Фирӯз ба кандакҳо афтода, ҷони худро аз даст доданд. Ин дафъа низ артиши Ахшунвор пирӯз гардид.

Эзоҳ вироиш

  1. Światowit. — Państwowe Wydawn. Naukowe., 2004. — ISBN 978-83-87496-18-0.

Адабиёт вироиш