Ашаглон

(Тағйири масир аз Ашагалон)

Ашаглон, сусхотун, ялқонхотунмаросими мавсимист, ки дар мавриди хушксолӣ ва сари вақт наборидани борон сурат мегирифт. Дар баъзе аз деҳаҳои вилояти Суғд, водии Ҳисор, водии Зарафшон одатан баргузор мегардад.[1] Маросими ашаглон дар замонҳои хеле қадим пайдо шуда, дар он ақидаи анимистии мардум роҷеъ ба ҳаводиси табиат ифода ёфтааст. Дар Авесто («Тиштряшт») аз набарди байни Апаоша – деви хушксолӣ ва эзади борон Тиштрийа сухан меравад. Дар набарди ин ду падида Тиштрийа бо ёрии мардум пирӯз мешавад ва борони файзбахш ба киштзорон мебораду ҳосил фаровон мегардад. Ҳамин устура дар байни мардум боқӣ мондааст.

Номҳо дар байни мардум

вироиш

Мардумони ноҳияҳои вилояти Хатлон ва водиҳои Қаротегину Дарвоз ин маросимро «Ашаглон», аҳолии водиҳои Ҳисор, Зарафшон, Сурхондарё, Бухоро, Самарқанд, Қашқадарё ва Хуҷанду Фарғона «Сусхотун», «Чиллахотун», «Ялконхотун» ва «Тӯйи сусхотун» меноманд.[2] Дар баъзе маҳалҳо «хошунсӯз» ва «дуои борон» низ ном дошта, маросимҳо бо унвони «обшаппак», «тӯи сусмомо» ёд мешаванд.

Маросим

вироиш

Рафти маросим бо баъзе тафовут дар аксар маҳалҳо ба таври зайл мегузашт: ҳамин ки хушксолӣ шуд ва кишти деҳқонӣ зери хавф монд, пирони деҳ байни худ машварат намуда, аз пайи ташкили ашаглон мешуданд. Як нафар занро интихоб мекарданд, ки вай бояд нақши ашаглонро иҷро намояд. Занро пероҳан ва кулоҳу ҷанда пӯшонда, ба дасташ хӯсае, ки хосси ҳамин маросим аст, медоданд. Дастаи маросимгарон ӯро ҳавлӣ ба ҳавлӣ мегардонданд ва суруде мехонданд, ки яке аз он сурудҳо ин аст:

Ашаглони ростина,
Оста биҷунбон остина.
Ғаллаи сабзам қоқ шуд,
Як бор бирезон боруна.

Дар баъзе ноҳияҳо занро ба хар чаппа савор намуда, ҳавлӣ ба ҳавлӣ давр мезанонданд. Соҳибони хона ба сари ашаглон об рехта, бо доду фарёд ва валвалаи кӯдакон ӯро ба ҳавлии дигар гусел мекарданд. Ҳар оила мувофиқи қудраташ ба ӯ ширинӣ ё пул медод.

Дастаи ҳамроҳони сусхотун низ буданд, ки абёти зайлро тараннум менамуданд:

Сусхотун, сусхотун!
Бор борон тез-тез,
Қатра-қатра рез-рез,
Бар заминҳо об деҳ,
Ғалла сабзад, ҳосилхез.
Чумчуқако ташна монданд,
Деҳқонзанҳо гушна монданд!

Дар баъзе маҳалҳо занони ашаглон ба таги новдон меистоданд ва чун рамзи борон аз бом ба нова об мерехтанд. Мардум ба ин васила табиатро ба раҳму шафқат оварда, матлаби худро ҳосил намуданӣ мешуданд. Дар бисёр маҳалҳо аз мавод ва маблағи ҷамъомада таоме пухта, ба кӯдакону пирон ва раҳгузарҳо медоданд, ки он таом «Гандумкӯча» ё «далда» ном дошт. Дар охири маросим, ки дар соҳили дарё ё  наҳру сой баргузор мешуд, мардум байни худ обшаппак мекарданд. Баъди ба охир расидани маросим занҳо дар хонаи яке аз иштироккунандагон ҷамъ омада, аз ғалладона ва маҳсулоти ҷамънамудаашон хӯрокҳои далда (гандумкуча) ва оши бурида мапазанд ва ба тамоми роҳгузарон ва мардуми деҳа тақсим менамоянд. [3] Ба ин монанд маросим дар байни мардумони қадим, ки бо зироат ва чорводорӣ шуғл доштанд, расм буд.

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 90
  2. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 88-89. – 280 с.
  3. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 88-89. – 280 с.

Адабиёт

вироиш
  • Андреев М. С. Из истории мифологии таджиков. Ташкент, 1927;
  • Аҳмадов Р. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. Д., 2007.
  • Аҳмад Р. Ашаглон // «Садои Мардум», 28 октябри 1993;

Сарчашма

вироиш