Ашир
Аши́р (ар. عشير) — воҳиди андоза ба маънии «даҳяк», «як даҳум», «як даҳуми қафиз» ё «36 заръи мураббаъ» аз чизе.
Ашир аз воҳидҳои бисёр муҳимми замони Сомониён дар Хуросону Мовароуннаҳр маҳсуб будааст. Чунончи, муаллифи китоби «Мафотеҳу-л-улум» як аширро баробар бо сиву шаш зироъи мукасира гуфтааст. Ашир бо ҳамин маънӣ дар асрҳои баъд низ маъмул будааст. Ашир ҳамакнун ба маънии воҳиди андозаи сатҳ ва ҳаҷм дар соири кишварҳои исломӣ мавриди истифода аст. Тибқи ҳисоби В. Ҳинс як ашир баробар ба 6 зироъи ҳошимӣ дар мураббаъ ё = 15, 92 м. мукааб ва ба маънии андозаи ҳаҷм = ба 1\600 қурроъ ё ба ҳисоби имрӯз тақрибан 6 литр аст. Дар адабиёти гузашта ба маънии касе, ки бо каси дигар дар як ҷо зиндагӣ кунад ва хешованду ҳамсоя бошад низ, омадааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Хинц В. Мусульманские меры и веса с переводом в метрическую систему. Давидович Е. А. Материалы по метрологии средневековой Средней Азии. М., 1970.
Сарчашма
вироиш- Ашир // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.