Аширон
«Аширон» — яке аз мақомҳои қадимии эрониён.
«Аширон» дорои пардаи махсус буда, таркиботи лаҳнии он аз чанд оҳанг иборат аст. Абдурраҳмони Ҷомӣ мақоми «Аширон»-ро дар фасли ҳабдаҳуми «Рисолаи мусиқӣ» зикр намуда, онро ба таркиби 24 шуъбаи «Дувоздаҳмақом» дохил кардааст. «Аширон» шуъбаи панҷуми «Дувоздаҳмақом» буда, даҳ зинаи қаторовозиро дар бар мегирад. Зайнулобидин Маҳмуди Ҳусайнӣ дар «Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ» қаторовозҳои «Аширон»-ро як қисми мақоми «Ҳусайнӣ» дониста, ба зинаҳои 3-4-5-6-7 мувофиқ кардааст. Аширон дар мақоми «Наво»-и Эрон (дар қисмати 21-уми он) баъди мақоми «Гавашт» меояд. Дар мақомҳои Миср, Сурия, Лубнон бо номи «Аҷами Аширон» ва дар мақомҳои Ироқ, Марокаш, Тунис бо номи «Аширон» низ маълум аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.