Ашкии Қумӣ
Ашкии Қумӣ (форсӣ: اشکی قُمی; ? — тақр. 1565, Агра) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишДар зодгоҳаш шаҳри Қуми Эрон ба камол расид ва баъдан ба Ҳиндустон сафар карда ба хидмати дарбори Акбар (ҳукмронӣ 1556—1605) дохил гардид. Дар тазкираи «Ништари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Азимободӣ зимни иттилоъ оид ба Ашкии Қумӣ омадааст, ки ӯ пеш аз вафоташ мусаввадаи ашъорашро ба Ҷудоӣ ном шоир супурдааст, ки девони ӯро мураттаб созад. Вале гӯё Ҷудоӣ беҳтарин ашъори ӯро ба девони худ дароварда, боқимондаашро нобуд кардааст. Мувофиқи маълумоти манбаъҳо аз Ашкии Қумӣ як девони қасоид, ду девони шомили ғазалиёт, рубоиёт, қитъаҳо ва муфрадот (9 ҳазор байт) — девони ҳазлиёт (12 ҳазор байт) боқӣ мондаанд. Як нусха аз девонаш ба шумораи Or 4616 дар Китобхонаи Музейи Бритониё маҳфуз аст. Ашкии Қумӣ дар татаббуи Осафии Ҳиравӣ, дар сабки вуқӯъ шеър мегуфтааст.
Намунаи ашъор
вироишАбёти зерин намунае аз нигоштаҳои ӯст:
- Аз чашми ман дарозии шабҳои тор пурс,
- Бехобии ман аз мижаи ашкбор пурс.
- Эй бод, агар ба ҷониби кӯяш гузар кунӣ,
- Ҳоли дили рамидаи мо аз нигор пурс.
- Дар базм, эй ҳариф, чу бинӣ маро хароб,
- Ҳоли маро зи соқии симинъузор пурс.
- Эй ҳамнафас, маро агар ошуфта бингарӣ,
- Ошуфтагии ман зи сари зулфи ёр пурс.
- Аз ман мапурс, гиряи Ашкӣ барои чист,
- Ин розро зи дидаи шабзиндадор пурс.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ашкии Қумӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- دانشنامۀ أدب فارسی. أدب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان،بنگلدیش). بخش ۱. تهران، ۱۳۸۰ هـ. ش؛
- ذبیح الله صفا. تاریخ أدبیات در ایران. جلد ۵. تهران، ۱۳۸۳ هـ