Ашколи рамл
Ашколи рамл (ар. أشکال رمل — ҷамъи шакл, намуд ва рамл — рег) — маҷмӯи аломот, ишорот ва шаклҳои амали бардурӯғ ва аз ҷиҳати илмӣ беасоси раммолӣ, ки иборат аз чаҳор унсури фард ва завҷанд (тоқу ҷуфт, нуқтаву тире). Раммолон аз ҷаҳолати авом истифода бурда, бо ёрии ашколи рамл гӯё ҳодисот, воқеаҳо ва истиқболро пешбинӣ мекардаанд, хайру шарри иқдомро муайян месохтаанд.
Ашколи рамл
вироишАшколи рамл шонздаҳ ададанд, ҳар кадом исм ва аломати хос доранд:
- Саҳён.
- Қабз-уд-дохил
- Қабзу-л-хориҷ
- Ҷамоат
- Фараҳ
- Уқла
- Анкис
- Хумра
- Баёз
- Нусрату-л-хориҷ
- Нусрат-уд-дохил
- Утбату-л-хориҷ
- Нақий
- Утбат-уд-дохил
- Иҷтимоъ
- Тариқ
Ашколи рамл ба аносири арбаа низ робита доранд, чунончи, аз онҳо чаҳор шакл () оташӣ ва шарқӣ, чаҳор шакл () бодӣ ва ғарбӣ, чаҳор шакл () обӣ ва шимолӣ, чаҳори дигар () хокӣ ва ҷанубӣ. Ҳар кадоми ин шаклҳо хусусияту сифати хос доранд ва ба сайёрае ё яке аз бурҷҳои дувоздаҳгона мутааллиқанд, ҳамчунин ҷудо-ҷудо, ҷуфт-ҷуфт ва бо иттифоқи якдигар гурӯҳ-гурӯҳ ба чизе ва коре далолат мекардаанд. Чунончи: шакли чорум () ҷамоат ба Уторид тааллуқ дошта, ба маъданиёт ва наботот, аз рангҳо ба хокистарӣ ва сабз, ба аҳли бозор, мардумони фарбеҳандом, ба борон, дарёҳо, наҳрҳо ва раъду барқ далолат мекунад; ин ҳафт шакл саъд ва ин ҳафт шакл наҳс ё ин ду шакл бо музаккар музаккар бо муаннас муаннас бо саъд саъд ва бо наҳс наҳсанд ва ҳоказо. Ашколи рамл дар давраи сохти ҷамъияти ибтидоӣ ба вуҷуд омадааст. Ба қавли ҳукамои қадим ватани аслии ашколи рамл Ҳиндустон будааст, баъзеҳо Чин ва дигарон Бобил гуфтаанд. Дар асотири эронитаборон Дониёл ихтироъкунандаи ашколи рамл дониста шудааст ва роҷеъ ба ин мавзӯъ афсонаи машҳур аст. Навъҳои ашколи рамл хеле гуногунанд: сангча, донаи мева, чормағз, чӯбча, устухон, оина ва ғайра ашколи рамл ва раммолӣ дар садаи III то м. аввал ба Рим, баъд ба Аврупо паҳн шуда, навъҳои гуногуни қуръа ва фолбиниро ба вуҷуд овард. Ба ном илми астрология аз ҳамин ашколи шонздаҳгонаи рамл пайдо шудааст. Дар замони мо ҳанӯз ҳам қуръа, рамл, фолбинӣ ва ғайра эътибори худро гум накардаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.