Ашрафии Самарқандӣ
(Тағйири масир аз Ашрафии самарқандӣ)
Ашрафии Самарқандӣ (форсӣ: اشرفی سمرقندی; ? — 1192, Самарқанд) — шоири форс-тоҷик.
форсӣ: اشرفی سمرقندی | |
Таърихи таваллуд: | асри XII |
Зодгоҳ: | Самарқанд |
Таърихи даргузашт: | 1192 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишПас аз таҳсили илмҳои мутадовилаи замон ва касби камол ба Ироқ сафар кард. Аз он ҷо ба Исфаҳон омад ва ба хидмати дарбори Арслон ибни Туғрали Салҷуқӣ (ҳукмрониаш 1161—1176) дохил шуд. Дар интиҳои умр ба ватан баргашт. Тазкиранигор Авфӣ («Лубобу-л-албоб») аз вохӯрӣ ва шиносоияш бо Ашрафии Самарқандӣ, Ризоқулихони Ҳидоят («Маҷмаъу-л-фусаҳо») аз баландии мартабаи ӯ дар байни уламову фузало иттилоъ додааст. Аз Ашрафии Самарқандӣ девоне боқӣ мондааст, ки 2 ҳазор байтро дар бар мегирад. Қасидаҳои пандуахлоқӣ, мадҳӣ, танқидӣ (мазаммати зоҳирбинию насабпарастии ашрофи замон) дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ашрафии Самарқандӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Суханварони Сайқали рӯи замин. Душанбе, 1973.