Ашти Калон
Ашти Калон (номи пешинааш Дашти Ёвон), дашт дар ҳудуди ноҳияи Ашти вилояти Суғд. Дар соҳили рости дарёи Сир ва обанбори Қайроққум ҷойгир аст. Ашти Калонро аз шимолу ғарб доманаи қаторкӯҳи Қурама, аз ҷанубу ғарб кӯҳи Оқбел, аз ҷанубу шарқ адирҳои Суффатоғ иҳота кардаанд. Дар шимолу шарқ бо Ӯзбекистон ҳамҳудуд аст. Тӯлаш аз ҷанубу ғарб ба шимолу шарқ 50 км, бараш 13–20 км. Ашти Калон ҳамвории васеи доманакӯҳӣ буда, сатҳаш аз шимолу ғарб ба тарафи ҷанубу шарқ (аз баландии 930 м то 430 м) тардиҷан паст мешавад. Ашти Калонро сойҳои Долона, Мулломир, Понғоз, Ошоба, Ғудос, Ашт, Пунук ва ғ. бурида мегузаранд. Манбаи оби ин сойҳо асосан барфу борон буда, тобистон аксари онҳо хушк мешаванд. Иқлими Ашти Калон – хушк (континентӣ). Тобистон гарми бебориш, зимистон хунуки камборишаҳри Ҳарорати миёнаи январ –2,2°С, июл 27,9°С. Давраи бебарфӣ – 230 рӯз. Боришоти солона 89–249 мм. Хокаш бӯри хокистарранг, марғзорӣ ва шӯри ботлоқӣ, инчунин регдор. Қисми шимолӣ ва шимолу ғарбии Ашти Калон дашти беоби нокорам, ҷанубу шарқиаш – обшору корам. Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар он як совхоз ва 7 колхоз бунёд гардида буд, ки ҳоло ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим шудаанд. Майдони обёришавандааш – 61,5 ҳазор га. Заминҳо аз Канали Калони Шимоли Фарғона, қисман аз сой ва пармачоҳҳо обёрӣ мешаванд. Азхудкунии Ашти Калон давом дорад.
Адабиёт
вироиш- Ашти Калон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.