Ашёи ягона (хоса) - ашёҳое мебошанд, ки бо аломатҳои танҳо ба худ хос фарқ мекунанд. Ашёи ягона (хоса) ивазнашавандаанд. Дар мавриди бастани шартнома ашёҳои ягона бо нишонаҳояшон аз дигар ашё фарқ карда мешаванд. Бинобар ин дар мавриди гум кардан, дуздидан, аз рӯи аломатҳои ашё ёфтан, талаб намудан мумкин аст. Масалан, мошин марка (тамға, навъ ва рақам) -и худро дорост, рақами алоҳида ва ҳуҷҷати худро дорад. Бо ҳамин аломатҳо аз дигар мошинҳо фарқ карда мешавад. Аз ашёҳои ягона ашёҳои якхела, монандро фарқ мекунанд.[1]

Нигаред низ вироиш

Қонун

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.74