Ёрмаҳмад Ашӯрмуҳаммадов

(Тағйири масир аз Ашӯрмуҳаммадов Ёрмаҳмад)

Ёрмаҳмад Ашӯрмуҳаммадов (1 марти 1919, Хоруғ7 августи 2004, ҳамон ҷо) - ҳунарпешаи театр ва дромнавис, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1966). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғ (1940). Солҳои 1932–40 корманди кумитаи комсомолии ВМКБ, аз соли 1940 ҳунарпеша, 1947-1948 директори Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ, 09.1951-09.1956 методист ва 09.1956-09.1957 директори хонаи эҷодиёти халқии вилоят ва дар як вақт ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ, 1957–1976 директори ҳамин театр, 1976–1979 директори Осорхонаи кишваршиносӣ ва таърихии ВМКБ буд. Аз соли 1980 нафақагири шахсӣ. 7 августи 2004 вафот кардааст.[1]

Ёрмаҳмад Ашӯрмуҳаммадов
Ёрмамад Ашурмамадов
Таърихи таваллуд: 1 март 1919(1919-03-01)
Зодгоҳ: Хоруғ
Таърихи даргузашт: 7 август 2004(2004-08-07) (85 сол)
Маҳалли даргузашт: Хоруғ
Шаҳрвандӣ: Тоҷикистон
Навъи фаъолият: драматург,тарҷумон,ҳунарпешаи театр
Ҷоизаҳо:
Jubilee Medal "Forty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» медали «Ветерани меҳнат»

Эҷодиёт

вироиш

Ашӯрмуҳаммадов дар саҳнаи театр як силсила нақшҳои драмавӣ, фоҷиавӣ ва романтикӣ офарид, ки дар онҳо си­фатҳои фардӣ ва психологизми актёр хуб зуҳур ёфтааст:

  • Сардор ва Қозӣ - «Қишлоқи тилоӣ», М. Миршакар, (1967),
  • Ҷаллод - «Достони Ҳофиз», Ф. Тошмуҳаммадов, (1968),
  • Таваккалхоҷа - «Чинори гӯё», Б. Раҳимзода ва С. Саидмуродов, (1958),
  • Бонч-Бруевич - «Ҳуррият», Ғ. Абдулло, (1970),
  • Жевакин - «Хонадоршавӣ», Гогол,
  • Кнуров - «Аруси бе ҷиҳоз», А. Островский,
  • Гарри Спелма - «Параллели 38-ум», (Тхай Дян Чун),
  • Рейхскомиссар - «Интиқом», С. Сафаров,
  • Нақше дар «Субҳи Инқлоб»,
  • Нақше дар «Хари ҷаноб» (зиёда аз 40 нақш)

Муаллифи пйесаҳо, композитсияҳои мусиқӣ ва барномаҳои консертӣ аз қабили:

  • «Тӯйи колхозӣ» (1954),
  • «Субҳи иқбол» (1955),
  • «Партия раҳнамо» (1957),
  • «Самараи қонуни бахт» (1957),
  • «Марҳабо баҳор» (1963),
  • «Байроқи Октябрь» (1964),
  • «Шӯълаи офтоб» (1965),
  • «Рубоб ҳикоят мекунад» (1967),
  • «Фарзанди Октябрь» (1968),
  • «Зиндаю ҷовид» (1970),
  • «Дӯстии безавол» (1972),
  • «Тавофути роҳ» (1974).

Тарҷумони асарҳои драмавӣ ба забони тоҷикӣ:

  • «Ситораҳои алоқа», Я. Гордон (1964)
  • «Супориши махсус», В. Балакаев (1968),
  • «Витка Магеллан», В. Нестайко (1977),
  • «Шафақҳои Помир», Илья Павлов,
  • «Домоди якруза», Д. Кортиков,
  • «Василий Агафонов мемонад», Г. Мдивани,
  • «Шарори дилро мебахшам», Н. Хазри (1974).[2]

Оид ба Ашӯрмуҳаммадов

вироиш
русӣ: «Ярмухамеду Ашурмамадову с большой благодарностью за то что сердца наши бьются вместе, вашем переводе. Ваш Н. Хазри 30.01.74 »

Чунин навиштаҷот аз ҷониби муаллиф Наби Хазри, Нависандаи халқии Озарбойҷон (Нигаред:Хазри,_Наби) дар китоби «Чистое дыхание земли» сабт шудааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Б медалҳои «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании с-ҳои 1941-1945» (1945), «Си соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании с-ҳои 1941-1945» (1975), «Чил соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании с-ҳои 1941-1945» (1985), «Барои меҳнати шоён, Ба муносибати 100-солагии В.И. Ленин» (1970), «Ветерани меҳнат» (1985), Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1966) ва Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст (1956; 1957; 1965; 1960).

  • Падар – Қадамшоев Ашурмамад (186? -1926) — деҳқон-заминкор.
  • Модар – Султонбекова Фотима (1870-1972) — аслан зодаи деҳаи Тирев (феълан дар ҳудуди Афғонистон, дар рӯбарӯи деҳаи Барчиди ҷамоати Поршинев, қабл ва баъд аз инқилоб дар отряди Сарҳадбонони шаҳри Хоруғ кор кардаст.

Хохарон:

  • Ашурмамадова Шакарбахт (1915-1974) — то солҳои 30-юм дар хонааш барои кудакон дарси забони лотинӣ ва баъдан дар хонаи бачагони ша ҳри Хоруг ҳамчун мураббӣ кор кардааст.
  • Ашурмамадова Накубахт (1920-1994) — дар интернати раками 1- уми шаҳри Хоруг ба хайси мураббӣ фаъолият кардаст.
  • Ашурмамадова Ошурбека (1926-2005) — хатмкардаи омузишгоҳи омузгории шаҳри Хоруг, дар вазифаи муаллимаи дузандагии хонаи пионерон кор кардааст.

Бародарзодахо:

  • Додихудоев Қадамшо (1902-1973) — аскари Артиши Сурхи Коргару Деҳқон дар отряди Т. М. Дьяков хидмат кардааст, инчунини дигар ба ҳайси раиси колхоз дар шаҳри Хоруғ фаъолият кардаст, инчунин то соли 1937 дар МКД ВАБК хидмат кардаст.
  • Додихудоев Шакаршо (1905-1923)
  • Меҳриддин Амдинов русӣ: Амдинов Меретдин (1905-1938) — ходими сиесӣ ва давлатӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вилоятии Вилояти автономии Бадахшони Кӯҳӣ, муовини раиси Шӯрои миллатҳои Шӯрои Олии ИҶШС (1934-1937).
  • Додихудоева Певистамо
  • Додихудоева Гулдастамо.

Зан — Оҷатбегим Нагзибекова (1919-2010) — колхозчӣ (колхози ба номи Сталин) Духтарон:

  • Ёрмамадова Отамбегим (1940–2011) — хатмкардаи факултети биология Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (1963). Дар мактаби № 41 ба хайси муаллимаи фанни биология кор кардааст.
  • Ёрмамадова Зебохоним (т. 1943) — хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленини (1964). Дар мактаби № 6 шаҳри Хоруғ аз фанни забонҳои форсӣ ва арабӣ то соли 2011 дарс додааст.

Писарон:

  • Ёрмамадов Мамад (т. 1949) — хатмкардаи Донишгоҳи политехникии шаҳри Душанбе, ба хайси механик дар Муассисаи нақлиёти № 9, Вазорати сохтмони Ҷумхурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
  • Ашурмамадов Нағзибек Ёрмамадович (т. 1961) — хатмкардаи факултети механико-математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (1983), факултети иқтисодӣ Донишгоҳи Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев (2000), Донишқадаи варзиши Тоҷикистон (2011). Ба ҳайси мураббии мактаби варзишии шаҳри Хоруг кор мекунад. Каҳрамони 12 каратаи ҷумҳури оид ба волейбол, иштирокчии олимпиадаи Иттиҳоди Шуравӣ дар шаҳри Красноярск (1981), Киев (1991), бозиҳои байналмилалӣ - Тошканд (1995), Алмата (1997), Теҳрон (1997), Бишкек (1999), Душанбе (2003), Арабистони Саудӣ (2005), Номзади ба устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ (1991), Устоди варзиши Ҷумхурии Тоҷикистон (1997), Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002), Довари сатҳи ҷумхуриявӣ (2005), Корманди шоистаи варзиши Ҷумхурии Тоҷикистон (2007).

Инчунин нигаред

вироиш
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. / Ҷ. А. Азизқулов. — М., 1988. — Ҷ. 1. — С. 209.
  • Энциклопедияи советии тоҷик. / Сармуҳаррир М. С. Осимов. — М. , 1988. — Ҷ. 1. — С. 521.
  • Энсиклопедияи Бадахшон. / П. Ҷамшедов. — Душанбе: «Андалеб», 2016. — С. 49.— ISBN 978-99975-50-36-1.
  • Энсиклопедияи Шуғнон. / П. Ҷамшедов. — Душанбе: «Ирфон», 2014. — С. 510.
  • Ширин Бунёд, Шоҳтолиб Шоҳкосимов. Боз баҳор мешавад. // Садои мардум. — 2000. — 25 март (№ 23 (1195)).
  • История становления и развития образования, науки и культуры Горно-Бадахшанской автономной области (1924-1991)./Дис. канд. ист наук. Хорогский государственный университет им М. Назаршоева.
  • Низам Хабибуллаевич Нурджанов. История таджикского советского театра. — Душанбе: Дониш, 1990. — С. 346 ва 348-349.[3]
  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II. Асос – Боз. – Душанбе, Сарредаксияи илмии ЭМТ, 2013. – C. 201. — ISBN 978-99947-33-45-4.
  2. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди II. Асос – Боз. – Душанбе, Сарредаксияи илмии ЭМТ, 2013. – C. 201-202. — ISBN 978-99947-33-45-4.
  3. "Ашурмамадов" История таджикского советского театра

Сарчашма

вироиш