Аъзам Сафаров
Аъзам Сафаров (тав. 20. 12. 1920, ноҳияи Айнӣ – ваф. маълум нест), файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1965), дотсент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Зиндагинома
вироишСоли 1951 шуъбаи ғоибонаи факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко ва соли 1952 мактаби олии Кумитаи бехатарии давлатии ИҶШС-ро дар ш. Москва хатм кардааст. Солҳои 1978–1985 ҳамчун дотсенти кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко кор кардааст. То ба донишкадаи омӯзгории пойтахт ба кор омаданаш дар вазифаи ходими калони илмии Шуъбаи фалсафаи АИ Тоҷикистон, муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишкадаи омӯзгории ш. Ленинобод ва дотсенти Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб фаъолият намудааст. Муаллифи зиёда аз 50 корҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Бо 5 медал мукофотонида шудааст.
Осор
вироиш- Моҳияти иҷтимоии Суфизм, Д., 1965.
Пайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |