[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


АЪЗÓИ РУДИМЕНТӢ, рудиментҳо, узвҳое, ки дар раванди инкишофи таърихии организм аҳаммияти асосии худро гум кардаанд. Аъзои рудиментӣ дар аснои инкишофи ҷанин ба вуҷуд меоянд, вале пурра инкишоф намеёбанд. Аъзои рудиментӣ то охири умр боқӣ мемонад, масалан, устухони хурди соқи парандаҳо, чашми баъзе ҳайвоноти заминков (кӯрмуш), боқимондаи мӯйи бадан ва устухони коси наҳанг­шаклҳо ва ғ. Ба аъзои рудиментии одам муҳраҳои дум, мӯйи бадан, мушакҳои гӯш, кирмрӯда (аппендикс) ва ғ. мисол мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо аъзои рудиментӣ пурра инкишоф меёбад, масалан, як ҷуфт боли ақиби наҳангшаклҳо. Аъзои рудиментӣ барои муайян кардани роҳи филогенез ёрӣ мерасонад.

Адабиёт

вироиш
  • Адабиёт:
Чтецов В. П. Морфология. Москва, 1990.