Аэробика
АЭРÓБИКА (англ. aerobics), номгӯи ду силсилаи гуногуни машқҳои ҷисмонӣ: 1) гимнастикаи мавзун: машқҳои гуногуни ҷисмонӣ, ки таҳти садои мусиқӣ бо мақсади тансиҳҳатӣ ва варзишӣ иҷро мешаванд: 2) силсилаи машқҳои варзишӣ, ки пуртоқатии зиёдро тақозо доранд (давидан, гашт, шиноварӣ, заврақронӣ, велосипедронӣ, лижаронӣ, конкитозӣ) ва барои тақвияти кори дилу рагҳо ва узвҳои нафаскашӣ равона шудаанд.
Адабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.