Аэрозолшифоӣ - бо мақсади табобат истифода бурдани аэрозолҳо. Истифодаи аэрозолҳо ба зуд ва бедард интиқол ёфтани моддаҳои доруӣ ба ҷароҳат, луобпардаҳо, роҳи нафас (аз он ҷо онҳо ба хун ворид мешаванд) асос ёфтааст. Аэрозолшифоӣ табиӣ ва сунъӣ мешавад. Ба аэрозолшифоии табиӣ нафас кашидани ҳавои тоза, истифодаи обҳои минералӣ, моддаҳое, ки рустаниҳо ҷудо мекунанд (дарахтони сӯзанбарг, дарахти кофур, зирфун, ғор ва ғайра) мансуб аст. Аэрозолшифоии сунъӣ бо роҳи фумигатсияи ҷароҳат ва захми пӯст, нафас кашидани дуди рустаниҳои доруӣ, буғи оби тоза ё омехта бо дору ва ғ. амалӣ карда мешавад. Барои Аэрозолшифоӣ аэрозолҳои хушк, намнок ва равғаниро истифода мебаранд. Корбасти оби баҳр, обҳои минералӣ, маҳлулҳои гуногуни намакҳо, на­қеи рустаниҳои доруӣ, фитонсидҳо, ферментҳо, гормонҳо, витаминҳо, антибиотикҳо ва ғ. низ ҷоиз аст. Яке аз тарзҳои аэрозолшифоии сунъӣ электроаэрозолтерапия мебошад. Дар ин маврид ба аэрозолҳо зарядҳои барқии мусбат ва манфӣ медиҳанд. Бо мақсади электроаэрозолтерапия аз асбоби махсус – электроаэрозологенераторҳо истифода мекунанд.

Адабиёт

вироиш
  • Хомякова Л. Г., Зайцева И. Г. Аэрозоли для лечения заболеваний органов дыхания. Москва, 2003.