[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


АЭРОЗОЛҲÓ (аз аэро... ва олмонӣ sol – маҳлули коллоидӣ), системаҳои пошхӯрда (дисперси)-е, ки аз зарраҳои сахт ё моеи дар муҳити газшакл муаллақ таркиб ёфтаанд. Аэрозолҳоро, маъмулан, аз рӯйи ҳолати пошхӯрӣ тасниф мекунанд. Аэрозолҳои ҳолати пошхӯриашон моеъ меғ ва аэрозоли ҳолати пошхӯриашон зарраҳои сахт дуд номида мешаванд. Аэрозолҳои ҳолати пошхӯриашон сахт ва андозаи зарраҳояшон аз андозаи зарраҳои дуд калонро чанг меноманд. Андозаи зарраҳои аэрозол 10-5–10-2 см аст. Macалан, андозаи зарраи меғ 5–10-5 см, дуди тамоку 10-4–10-5 см, чанг 10-4–10-2 см мебошад. Аэрозолҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, тиб бо мақсади тоза кардани ҳаво, корҳои ҳарбӣ, ҳавошиносӣ (метеорология) ва ғ. истифода мешаванд. Баъзе аэрозолҳо заҳр­ноканд, масалан, аэрозолҳои радиоактив, ки аз таркишҳои атомӣ ба амал меоянд. Чангҳое, ки дар таркибашон пайвастҳои силитсий, сурб, бериллий, хром, симоб ва ғ. доранд, хавфнок буда, бемории вазнини шуш – силикозро ба вуҷуд меоваранд. Аэрозолҳоро барои аз зараррасонҳо ҳифз намудани зироат, ҷангалзор, ғалла, чорвову паранда ва ғ. кор мефармоянд. Бо ин мақсад маҳлули ғализи пеститсидҳоро ба воситаи генераторҳои аэрозолӣ мисли туман ё дуд ба ҳаво паҳн мекунанд. Барои ҳосил кардани аэрозолҳо асосан гексохлорани техникии 3,3–3,6-фоиза ва полихлорпинени 12,5–16,6-фоизаро истифода мебаранд. Аэрозолҳоро ба баллонҳои начандон калон пур мекунанд (ҳангоми кушодани онҳо моеъ зери таъсири фишор берун баромада, пош мехӯрад). Чунин аэрозолҳо барои нест кардани магас, пашша, кӯрпашша ва ғ. истифода мешаванд. Дуди сунъиро ба воситаи қурсҳои дудбарор ҳосил карда, бо мақсади маҳв кардани ҳашарот (дезинфексия)-и анбор, гармхона ва нест кардани пашшаву хомӯшакҳо истифода мебаранд. Ҳангоми кор бо аэрозолҳо эҳтиёт бояд кард, зеро мумкин аст одам заҳр­олуд гардад ё таркишу сӯхтор ба вуҷуд ояд.

Адабиёт

вироиш
  • Адабиёт:
Фукс Н. А. Механика аэрозолей. Москва, 1985;
Абдеев С. Н. Устройсво доставки ингаляционных препаратов, используемых при терапии заболеваний дыхательных путей. Москва, 2000.