Аэрология
Аэрология — фасли физикаи атмосфера, ки ҳодисаҳо ва равандҳои физикавии дар атмосфераи озод (аз атмосфераи сатҳи Замин дур ва аз таъсири бевоситаи он озод) бавуҷудояндаро меомӯзад.
Аэрология таркиб ва сохти атмосфераи Заминро дар баландиҳои бузург, ташаккули абру бориш ва усулҳои танзими инкишофи онҳо, мубодилаи шуоъҳо дар атмосфераи озод, ҳаракати ҷараёнҳои ҳаво дар баландиҳои гуногун, аз ҷумла ҳаракатҳои турбулентӣ дар атмосфера, мубодилаи қабатҳои ҳаво ва ғайраро таҳқиқ мекунад. Ин таҳқиқотҳо, ки бо ёрии таҷҳизоти электронии ҳозиразамон, воситаҳои радиолокатсионӣ, радиозондҳо, техникаи ҳавонавардӣ, мушакӣ ва метеорологии радифӣ гузаронда мешаванд, барои пешгӯии обу ҳаво, идора кардани ҳаракати тайёраҳои реактивӣ ва турбореактивӣ истифода мешаванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аэрология // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.